ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
В-он ки пӯшонад афзолҳо ба пош.
Он ки гардад гардане гар мард сар аст,
В-он ки гардад чашми ӯ гар бесар аст.
Ҷумла кӯтаҳ, дод Худо ӯро чӣ хост,
Ҳарчи дод Ӯ он ҳама аз мо ба мост.
З-ин сабаб, шояд ки номаш буд “Ҳаво”
Чун ҳавас аз мо буду вай аз Худо?!
Гар чунин аст, “Хоста” бошад номи вай,
Он киро, ки хоста буд Одам зи Ҳай.
Чун чунин буд хостаи ту аз Худо,
Эҳтиром кун хостаро, пас, ай фато.
Бо занон некрафтор бош, ай амин,
Бин, чӣ гуфт дар бобати ин Ал-амин:
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
иставсу би-н-нисоъи хайран”, яъне, дӯстам, “...бо занон ба некӣ рафтор кунед”.
Бибин, Одам (а.с.), сарфи назар аз маскан ёфтанаш дар Ҷаннат, гаштугузорҳо мекард, пурпаймон буд, ҳама маводи хостааш муҳайёву гуфтаашро малоика иҷро мекарданд, вале...
Вале бо ин ҳама, боз ҳам дар чашмони вай баъзан ғам пайдо мешуд, дар фикрҳо меғӯтид, ба фикраш ҳар чӣ меомад, хаста мешуд ва албатта, Худованд аз ҳоли дили вай огаҳ, ки буд, яке аз рӯзҳо, барояш занеро аз ҷинси одамӣ, аз қабурғаи чапаш меофарад ва номи ӯро “Ҳав(в)о” мегузорад.
Албатта, Худованд аз сирри офариниши зан ва аз сирри чунин ном беҳтар
медонад, вале “ҳав(в)ову ҳавас” ҳамрешаанду аслан, тарҷимаи он “хоҳиш”
(хосташуда) аст. Шояд аз чунин сабаб бошад, ки дар гуфтори нармини русҳо, бо
лутф, нисбати занони дӯстдоштаашон вожаи “желанная” (“о, моя
желанная...”) истифода мешавад? Яъне, “ай, хоҳиши (хостаи) ман...”
В-агарчи ин дуруст бошад, пас, зан аслан маҳсули хостаи мард аст. Маҳз хоҳиши ногуфтаи мард буд, ки Худованд занро барояш офарид. Ва агар ин ҳам дуруст ояд, пас, машояд мард бар хостаи худ сахтгир бошад, бадрафторӣ кунад.
Баръакс, мард бояд ба зан (ва дар симои занаш, ба кулли занон) бо некӣ рафтор кунад, онҳоро эҳтиром намояд, ба онҳо сухани дурушт магӯяд, онҳоро дастгирӣ намояд ва ҳоказо.
……….
- Оид ба масоили фармонравоӣ ва фармонбардорӣ.
Соле чанд бо қиблагоҳам қабл аз ин,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё