Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуб, сухан кӯтаҳ кунам ин ҷову ҳин,
Як ҳадис гӯям туро аз шоҳи дин.
Нисбати он суҳбату “ҳукми” малак,
Гар Худо хоҳад, бигӯям пас. Инак:
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, ал-амин, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “... исмаъу ва атиъу, ва ин-и-стуъмила ъалайкум ъабдун ҳабашиййун каанно раъсаҳу забибатун”, яъне, дӯстам, “... гӯш фаро диҳед ва итоъат кунед, агарчи амиру фармонравои шумо бардаи ҳабашӣ таъйин гардад, ки сараш ба андозаи як дона кишмиш бошад”.

Чанд ҳикмати хубе, ки то ин дам дарак аз пажӯҳиши аҳли уқули уламои дин ва бандаи кӯтаҳназар шудааст, ин аст, ки аввалан ин ҳадис оид ба масоили фармонравоиву фармонбардорист ва дуввум, алорағми ҳолат ва маром ва шахсияти фармондиҳандаву шахси фармонбардор аст. Ва албатта, чанд ҳикмати дигаре, ки шояд вақти матраҳ намудани ин қонун, метавонад дар уфуқи назар ва ақоид пайдо шавад, будааст.

Ва аввалан ин аст, ки агарчи ҳоким ба мисли он барда, яъне, асир ҳам бошаду ҳамчу ҳоким таъйиншуда, пас, ӯ ҳоким асту ҳукмфармо ва мо, чун аз аҳли фуқарову раъиятем, пас, фармонбардор, яъне, бояд бе шакку шубҳа, он фармонҳоро иҷро намоем.

Дигаре, аз ин мадд бархоста, мароми он шоҳ, яъне, гарчи ӯ барда (асир) ҳам бошад, вале бо ҳукми қазову қадар, таъйинот ва вазоифи шоҳиро дар зимааш вогузоштаанд, пас, ӯ ҳамоно шоҳ аст, ки сарфи назар аз мақоми баланди худ, мо ӯро фармонбардор бошем.

Саввум, гарчи он шоҳ, замми барда буданаш, боз ҳабашист, ки ин ҷо киноя аз манотиқи камрушдшудаи он замон маҳсуб аст, ки аслан бардагонро аз он ҷо оварда, дар бозори нимҷазираи Араб мефурӯхтанд, ин сабаби рад шуданаш ё ҳамчу шоҳ таъйиин шуданаш намешавад. Яъне, аз куҷое, ки мабошад, агар ӯро оварданду шоҳ таъйин карданд, пас, ӯ шоҳ аст.

Чорум, гарчи замми барда буданаш ва муайян будани манотиқи омаданаш, ки киноя низ аз табақаи гӯиё пасти иҷтимоии ӯст, ӯ низ айб, яъне, нуқси физиологӣ дорад, яъне, чун мисол шуда, - сараш ба андозаи як донаи ангури кишмиш аст, ӯро чун таъйин карданд ва вазифадор намуданд, ӯ ҳамоно шоҳ аст, ки бояд фармонбардори ӯ бошем.

Панҷум, акнун ки ин ҳама муайян шуд, пас, мо бояд чунин шоҳи таъйин шударо на танҳо гӯш фаро диҳем, балки итоъати фармони ӯро низ ба ҷо орем.

Камина низ дар айёми ҷавонӣ бархӯрди чунин ҳолатҳо мешудам, вале падарам
(Худо раҳмат карда бошад эшонро) ҳамеша чунин васият мекард: “Агар пеши ту, болои хок, як асои хушкро ба хок мезананду ӯро ҳамчу раиси ту таъйин мекунанд, пас, ту бояд ӯро итоъат бикунӣ”.

пешина
аз 175
навбатӣ