ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бо гузашти солҳо моро низ Худованд ба ин мақомҳои баланди корӣ насиб кард.
Танҳо баъд аз мудири чанд бахшҳо шуданам, идора чӣ асту идоракунӣ чӣ тавр будаасту мудирӣ чӣ хел мешудаастро, фаҳмидам.
Рост мегуфт падарам, ки ҳар кас дар ин дунё вазифаи ба худ хосро дорад, нақши худро дорад, ки бояд аз рӯи инсоф бибозад. “Ин нақш барои ман нест!” ва ё “Чаро ӯ шоҳу ман гадо?” гуфтан хатост ва носипосӣ ба Худост. Ин гуна нақшҳо аз санҷишҳои Худост, ки мехоҳад дар камиву бешӣ, инсонро санҷида бошад, мисли он ки “ҳабашии бардаву каллахурд шоҳ” бошад ва ё “аврупоии сапедпӯсту озодаву каллаклон гадо” бошад (ин ҳама албатта ташбеҳу киноя аст), чунки санҷиш на аз миллату нажоду пӯст аст, балки аз вазифаву аъмол аст.
……….
- Оид ба масоили сабр, ки метавонад боиси имконияти мулоқот намудан бо Худованд ва расулаш гардад.
Сабр калиди Ҷаннат асту андар он,
Зиндаву ҷовид буванд пайғомбарон.
Гирди ҳам оянду суҳбат мекунанд,
В-он Худоро қадру қиммат мекунанд.
Нур зи ваҷҳи покашон борад мудом,
То шавад Ҷаннат пурнур з-ин низом.
Умматҳо гирди хон оянд шуғул,
Мисли занбӯри асал дар гирди гул.
Шаҳд резад з-он даҳонҳо рӯд-рӯд,
Зинда гардад ҳар ки з-он обҳо хӯрд.
Ҷон шавад пайдову дар рӯйҳо ранг,
Маст гарданд аз лиқо ҳамчу зи банг.
Рақс кунанд аз шодиву аз вақти хуш,
Мисли он ки ёфта буд анбор муш.
Тӯй шавад дар кӯчаҳошон, чунки ин
Ҳадя гардад аз Худо бар собирин.
Он ки сабр кард метавонад дид рӯ,
Чунки гардад бо Худо ӯ рӯбарӯ.
Дида бошад он лиқои нозанин,
Гуфта бошад ҳар чи хоҳад ин амин.
Ҳар чи мехосту наметонист ӯ,
Гуфта бошад, чунки гардад рӯбарӯ.
Ғӯра аз сабр оқибат ҳалво шавад,
Дар даҳон ширину дар дил ҷо шавад.
Ҳамчу хуршед баъди борон сабр, бин,
Чун барояд гарм кунад зуд ин замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё