ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ту кабирӣ ҳамчунон, ки ин хаёл
Маҳдуд аст дар тасвири ҷаллу ҷалол.
Ҷунбиши мушонро донӣ, ай Хабир,
Хоҳиши ақлҳоро хонӣ, ай Басир.
Ту самиъу ҳар чи гуфтанд мешнавӣ,
Нақшҳоро, чун Бадеъ, хуб мекашӣ.
Ақли мо дар нақшаи ҳар кори ту,
Бас заъиф аст в-он набинад ду ба ду.
Ман чӣ гӯям?! Ҳар чи гӯям, бас кам аст,
З-ин сабаб ин чашми ман ҳар вақт нам аст.
Рӯзу шаб гӯям сухан вақт норасост,
В-он агар гӯям адо, ин ҳам хатост.
Ишқи ту моро ҳаме девона кард,
Нури шамъат чун мане парвона кард.
Гарчи донам сӯзам андар ишқи ту,
Ман надорам тоқате дар рашки ту.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
асдақу калиматин қолаҳо аш-шоъир: ало кулли шайъин мо хала-л-лоҳа ботилун”, яъне, дӯстам, “... беҳтарин сухане, ки шоъир ба забон оварда, ин аст: Бидонед, ҳар коре, ки Худо дар он набошад, беҳудаву ботил аст”.
Банда суханро дар ин радиф зиёд карданӣ нест, ҷуз он ки ба ҳар он касе, ки фикри пучу хом доранд ва гӯиё он ки Ҳофизу Саъдиву Бедилу Деҳлавиву Зебуннисову Балхиву Камолу Хайёму Ҷомиву Навоиву Ганҷавиву Соибу Кашмириву Ҳилоливу дигарон дар васфи ишқи ин дунёву маъшуқаи заминиву шаробу майи масткунандаву ҳоказо сурудаанд, мутлақо ғалат мекунанд.
Ин ҳама арбобон ва абармардони саҳрои бузурги маънавӣ, ки номҳои эшон ҷовид гаштанд, ҳамаи девони ашъори худро аввал аз наъти Худованди бузург, пас, дар наъти Паёмбари акрам (с.а.в.) ва баъдан, дар изҳороти ишқу ҳаваси ҷаҳди висол танҳову танҳо бо он Худованд сурудаанду бас. Мо инро таҷриба кардем ва дар ҳашт ҷилди мунташири “Гарди домон” тавзеҳ намудем.
Дигар он аст, дӯстам, ки ишқ, аслан, аз эҳсосоти ғайриоддӣ ва худовандист. Ин ҳиссиёт аз қалб бармеояд ва ҷовидон аст. Ва он “ишқ”-е, ки гӯиё аслист ва сирф байни марду зан аст, аслан, то он даме, ки шаҳавоти инсонӣ қонеъ мегардад, пайдосту бас. Ин аз анвоъи эҳтиёҷоти ҷисмонии инсон аст, ки он ҳам дар табиъати инсон мундариҷ шудааст.
Аз ин лиҳоз, он ишқе, ки оддисту муваққатан пайдосту дар асоси баровардани эҳтиёҷот ва ҳоказост, ишқ нест, балки чизи дигар аст. Инро бояд хуб дарк кард ва бо ишқи аслӣ ва азалӣ ва боқӣ машояд, ки махлут сохт.
……….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё