Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фойда дорад ҷамъиятро гуфтаҳо,
Пок бигарданд оқибат олудаҳо.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
атфиъу масабиҳа би-л-лайл”, яъне, дӯстам, “... шаб (ҳангоми вақти хоб),
фонусҳоро хомӯш кунед”.

Хуб, дӯстам, чун дар аввали ин саҳфа, банда каме аз ҳаводисе, ки мавҷуд гаштани он ғайри имкон нест, ҳарф гуфтам, бо ин тарз мехостам оид ба чанд мисоле таваҷҷуҳи хонандаро ишғол кунам ва оқибат, бар тавзеҳи ин ҳадиси безаволи Паёмбари акрам (с.а.в.) гашта оям ва он ҳам бошад, нисбати масоили аҳлу аҳлият аст.

Аҳл будан ва риоя намудани шурути аҳлӣ дар Шариъати мо ҳатмист. Дар замони табадуллот ва таҳавуллоти ҷоҳилия ва рӯйоварӣ ба дини мубини Ислом, ҳатмӣ буд, ки мусалмонон бо ҳам як оянд, дар зери парчами Ислом ва гирди Паёмбари он (с.а.в.) гирд оянд, худро ва ҷамъияти навбунёди исломиро муҳофизат кунанд, арзишҳои дини ҷадидро пешбарӣ ва ҳимоя намоянд. Ва ин ҳам кори дуруст ва саривақтӣ буд ва изофа аз он, дар асоси Оятҳои қуръонӣ ва фармони Худованд ба кор омад (мисол: нозил шудани Қуръон ва ҳифзи он, ки бар зиммаи Худованд аст, то рӯзи Қиёмат).

Дигар мисоле, ки дар мисраҳои маснавигунаи банда суруда шуд, ин оид ба калимаи “шариъат” ва тарҷимаи он аст.

Хуб, дар ин радиф гуфтанием, ки “шариъат” аз калимаи қадимаи арабӣ гирифта шудааст, ки ҳамчу “ҷои обнӯшии ҳайвоноти хонагӣ” будааст. Яъне, сирф он ҷое, ки барои ҳайвонот ҷудо шуда, дар он об рехта мешуд, то ки сутурону аспону дигар моли хонагӣ аз он об нӯшида тавонанд.

Аз ин лиҳоз ва маҷозан, “шариъат” ҷои амн, ки қоидаи обнӯшӣ ва дигар қавонин ва қавоиди муносибат ва рафтору пиндору гуфтор дар он риоя бояд мешуд, ҷои баҳрагирии омма, яъне, ҳар шахс метавонист ба суолҳои худ ҷавобе пайдо карда бошад, ҷои марказӣ, барои ҳамоиши мусалмонон ва умуман, ҳамчу канз шинохта шуд.

Ва акнун, роҷеъ ба масоили мазмуни он ҳадис гуфтанӣ будем, ки Шариъати исломӣ ҳар гуна масрафкориро, зиёдаравиро намепазирад ва манъ ҳам намудааст. Дар ҳама кор бояд ҳадду меъёр ҳатман риоя шавад ва маҳз Шариъати исломӣ, дар тавсияҳои беҳтарине, ки метавонанд ҳаёти инсониро, хоҳ иҷтимоъӣ ва ё хоҳ иқтисодӣ бошад, ба ададҳо осон кунад, то ки мусалмон дар кори худ барака ёбад, молаш изофа гардад ва ҳамзамон, ҳамрадифи иҷро намудани аркони дини мубини Ислом маҳсуб шавад.

пешина
аз 175
навбатӣ