Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бибин, дӯстам, ки Паёмбар (с.а.в.) чӣ тавсияи аҷоибе медиҳад: фонусҳоро вақти хоб хомӯш кунед. Чӣ панду дарс аст?

Бале, вақти хоб аз он рӯшанӣ бароямон фойидае нест; сарфи беҳуда накардани он маводи лозима, ки дар он замонҳо дарёфти равған барояш хеле мушкил буд; барои ҳифзу амонати мусалмонон, ки дар вақти шаб, мабодо аз рӯшании он фонусҳо душманон ҷои ҷамъомади онҳоро дарак наёбанд ва ҳоказо. Бибин, ки аз ҳама ҷиҳат алорағми осонии ин тавсия, он дар ҳама кор муфид аст.

……….

  1. Оид ба масоили ғизо додани гурусна ва аёдат кардани бемор.

Дар куҷое дар китоби достон,
Хонда будам қиссае аз ростон.
Зиста буд як олими бас ҳақҷӯ,
Дар улум пешсаф, дигарҳо пас аз ӯ.
Гарчи мехонданд намоз панҷ вақт ҳама,
Рӯзу шаб мехонд намозро бе сана.
Рӯза мегрифт тӯли ёздаҳ моҳу пас,
Тӯли як моҳ рӯзаашро мешикаст.
Чанд ҳазор шогирд баровард ин алим,
В-он ҳама хидмат бикарданд бар Ҳаким.
Байни онҳо қозиву фатвобарор,
Ходими дину ва ё ҳоҷатбарор.
Сад китобҳо менавишт, к-он канзи пир
Шуд китоби дарсӣ, бе шак, бе назир.
Қисса кӯтаҳ, рӯзе аз рӯзҳо қадам
Кард ба сӯи хонааш қобизи дам.
Ҷон супурду рӯзи дигар мутлақо
Дар мақом омад ҳузури он Худо.
Чашму рӯяш медурахшид аз сурур,
Хотираш ҷамъ буду рӯяш пури нур.
То даме, ки ӯ надид лиқои Ҳақ,
Ӯ надошт з-аҳволи кораш ҳич дарак.
Чун ҳиҷоб бардошта шуд в-он мард дид,
Бас умеду орзуҳош гашт нопадид.
Аз бағал-ш уфтод тарбузи умед,
Аз лабаш ханда гурехт, аз ҳол, - шед.
Ӯ нагуфта як сухан Эзид зуд,
Ифтитоҳ кард он ҳиворро худ ба худ.
Гуфт Худо: Будам мариз, лек боре ту
Назди ман наомадӣ, ай чораҷӯ.
Гуфт мард: Бор ай Худо, кай ту мариз
Гаштиву ман бе хабар мондам зи ҳис?
Гуфт Худо: Гар бандаам шуд печи дард, Низ шавам мислаш мариз аз оҳи мард.

пешина
аз 175
навбатӣ