ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Аз ин сабаб, аёдат кардани бемор баробари аёдат кардани Худованд аст, ки дар ҳузури он бемор асту доиман бо ӯст, ва додани ғизо ба гурусна баробари адо намудани фарзияи худовандист, чунки мо як қонуни осонтаринро бояд дуруст дарк кунем, дӯстам, ки Худованд ба бандагонаш тавассути дастону суханони дигар бандагони интихоб намудааш, кумак мекунад. Ин чунин нест, ки Худованд худ аз осмон фурояду ин корро анҷом диҳад ва хуш бар ҳоли он шахсе, ки аз зумраи ин нафарон бошад, ки хости Худовандро иҷро намояду бо он, бандаи нек ва корбудкун буданашро ба Худованд исбот намояд.
……….
- Оид ба масоили фақириву ночориву маҳрумӣ.
Фақр насиби ҳар ки нест, чун неъмат аст,
В-ин таносуб аз Худову ҳиммат аст.
Фақр бувад санҷиш барои беҳтарин
Он, ки бошад фахри рабби-л-ъоламин.
Санҷиши сахт асту лекин, оқибат
Мераҳад аз дасти ҷину амри бад.
Чунки қонун ин бувад гар мубтало
Буд, биёбад ӯ раҳоӣ аз бало.
Мекунанд осон ҳисобашро яқин,
Номаи аъмол диҳандаш аз ямин,
Мешавад бозгард ба сӯи аҳли худ,
Мекунад сад шодиҳо бо аҳли ҷуд.
Ҷаннат гардад маскани ӯ то абад,
Чунки буд ӯ мубтало бо ҳоли бад.
В-он ки масрур буд зи неъматҳо зиёд,
Мешавад дар ду ҷаҳон ӯ куштаёд.
Дар ҳисобаш мехаланд бар тан неш,
Аз қафо, пас, номаро оранд ба пеш.
Сӯйи Дӯзах мекашанд аз мушти мӯй,
Бар сараш оранд чангу хок ба рӯй.
Чун асир банд мезананд бар дасту по,
Мекунанд аз қавми хушнудон ҷудо.
Оҳ, чӣ даҳшат аст он рӯз бар чунин,
Он, ки бишмурд худро аз беҳтарин.
Он, ки дошт неъматро бе ҳадду суд,
Лек, надошт Эзидро дар ёди худ.
Ман сухан кӯтаҳ кунам, чун дар Китоб
Гуфтаанд сӣ порае дар ин боб.
Рав, бихон он Ояҳо дар боби ин,
Гар амонӣ хостаӣ дар роҳи дин.
В-ин, кунун, дар бахши шодон аз ҳадис,
Орамат аз Мустафо ҳарф, ай азиз.
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё