Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
атталаъту фӣ ал-Ҷаннати фараайту аксара аҳлиҳо ал-фуқароъа”, яъне, дӯстам, “... ба биҳишт сар задам ва дидам, ки бештари биҳиштиён аз фуқаро ҳастанд”.

Бале, дӯстам, он ки мубталои фақирист (бечорагӣ) дар ин дунё ва маҳрум аз неъматҳои молии зиёда, Худованд ӯро ваъдаҳои зиёде додааст, ки ҳатман ин касон, ба шарте ки хоксор бимонанду аз раҳмати Худованд ноумед намегарданд, ба Ҷаннат роҳ хоҳанд ёфт.

Ҳисобу китоби чунинон, чун дар Оятҳо омадааст, осону номаи аъмолашон бар китфи рост ва ин масруронро ба сӯи аҳли худ, яъне биҳиштиён, боз мегардонанд, вале он, ки чунин набуд, аз вазну таъсири амвол ёди Худоро намекард, пас, ӯро аз ақиби сараш номаи аъмол хоҳанд биспурду ба сӯи Дӯзах варо баранд.

З-ин сабаб, шояд Биҳишт бештар пур аз фақирону мискинону соилону дигар маҳрумон бошад, ки дар ин дунё ба серӣ чизеро надиданду нахӯрданду напӯшиданду ҳоказо? Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба масоили ҷаҳд намудан, то ки Биҳишт подоши нек гардад.

Он ҳазору ним аср қабл аз ин замон,
Давраи торикӣ буду ҷоҳилон.
Андаруни Каъба бутон ҷой буданд,
Ҷуссаҳои вазнине аз лой буданд.
Кор намеомад зи дасти он бутон,
Бӯса мекарданд валек аз пояшон.
Ҷон надоштанд, на сухан, мисли бақар,
Таппа-тайёр як ҷасад в-он ҳам хувар.
Ҳар кӣ мехост, медаромад наздашон,
Саҷда мекард дар радифи пояшон.
Ҳар қавм доштӣ худои қавми худ,
Мазҳабу ойинае бо савми худ.
На намозу на ки танзим, на шареъ,
Ҳар кӣ мехост ҳар чӣ мекард дар бадеъ.
Лек сухан оид ба ин нест, дӯсти ман,
Гар Худо хоҳад, бигӯям з-он сухан.
Гуфтанӣ будам, ки ин даврон гузашт,
Маъниҳо дигар шуданд аз пешу пушт.
Ҳамқадам бо ин замон бош, он ки рафт,
Дарси онрӯза бувад аз синфи ҳафт.
Гар “суюф” гуфт Мустафо “шамшер” махон, Гарчи буд дар асл “шамшер” он замон.

пешина
аз 175
навбатӣ