Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
анна Довуда ан-набиййа, ъалайҳи-с-салом, кона ло йаъкулу илло мин ъамали йадиҳӣ”, яъне, дӯстам, “... Довуд (а.с.) фақат аз дастранҷи худ имрори маъош менамуд”, яъне, вай танҳо онро мехӯрд, ки аз маоши бо дастони худ ёфтааш, мехарид.

Чӣ қадар ҳикмате, дӯстам, дар ин гуфтаҳои Паёмбари акрам (с.а.в.) аст, ки инсонро водор месозад, ки бори дигар бар касбу ёфтаву хӯрдаҳои худ ва асолати меҳнати ҳалол ва маъоши зиндагӣ ва ҳатто аз оқибати ҳалолу ҳаромхӯриҳо назар афканад, фикр кунад, таҳлил намояд ва хулосаҳои заруриро барорад!

Бибин, ки сарфи назар аз мақому манзалати худ, Довуд (а.с.), ки шоҳи мулк буд ва эҳтиёҷе дар молу маъош надошт, ӯ боз ҳам касби оҳангариро аз худ мекунад ва маоши зиндагиашро аз он меёбад ва ҳатто, чун дар ин ҳадис нақл шуд, агар болои мизаш ягон хӯрдание бошад, ки барои дарёфти он меҳнати ҳалоли оҳангариаш харҷ нашуда бошад, ӯ онро истеъмол намекард.

Бале, дӯстам, чун Худованд борҳо дар Оятҳои карима таъкид мекунаду фармон:
“... анфиқу мин таййиботи мо касабтум”, яъне, нафақа (истеъмол кунед ва ба дигарон низ бидиҳед) кунед аз он некиҳое, ки мо шуморо омӯзонидем, яъне, аз меҳнати омӯзонида ва маоши ҳалоли аз он пайдо шуда, пас, ҳар мусалмони комилро воҷиб аст, ки дар ин ҷаҳд кунад.

Байни мардуми мо, дӯстам, гуфторе ҳаст, ки “... чизи ҳаром насиб намегардад ва ҷаста (баданро сӯрох карда) мебарояд” ва низ, дар Қуръони карим Оятҳое мавҷуданд, ки Худованд касеро, ки бар моли дигарон даст мезанад ва онро мехӯрад, дар Рӯзи қиёмат дар даруни шикамаш оташ меангезонад, яъне, ӯ ба мисли оташ фурӯбурдагон аст.

Аз ин ҷост, ки ҳаром манъу вай оташ аст, ки метавонад инсонро на танҳо дар ин дунё, балки дар он дунё низ сӯзонад ва шоистаи оташи Дӯзах гардонад.

Худованд моро аз ин рӯзҳои мудҳиштарин нигаҳ дорад ва аз касби ҳалол нон хӯронад. Омин, ё Раб!

……….

  1. Оид ба масоили ғазабӣ нашудан, ки аз насиҳатҳои беҳтарини Паёмбари акрам (с.а.в.) маҳсуб буд.

Аз сифоти нописанд дар одамон,
Нописандтар аст ғазаб, ай аҳли ҷон.
Меваест аз ҷамъи истикбору ғӯр,
Маззааш, пас, талх бувад дар коми зӯр.
Кирм бувад андар дилу лаҳми танаш, Хоб бувад он аждаҳо дар ботинаш.

пешина
аз 175
навбатӣ