Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Карда расво маззаро ин аҳли гӯр,
Себи моро мекунад лоиқи мӯр.
Вақти савдо арзишаш пасттар шавад,
Ҳоли душман з-он харид хуштар шавад.
В-ӯ, ки низ хушдор набуд, лек мехарад,
Мақсадаш бар гови худ он себ барад.
Қисса кӯтаҳ, ҳосили хашм хуб нест,
Пеши чашми мардумон маҳбуб нест.
Хуб, нигар, пас, ҳосилаш дар чӣ буд?
В-он ҳама осори бад бар кӣ буд?
Он, ки кард хашм, дарди сар бар худ харад,
Оромиро дар ин байн мебарад.
В-он асаб гардад хароб аз кори худ,
Оқибат гардад мариз худ он ануд.
Чун шавад одат, шавад ларзон даст,
Аз паридан, нури ду чашмон паст.
Лаб ба лаб н-ояд аз ин ларзиши бад,
В-ин забон дудуқ шавад з-он оқибат.
Ранги сурхи ҷангиаш ҷовид шавад,
В-он дигар алвони рух нодид шавад.
Тоҷи рӯяш аз фишори хун баланд,
Оқибат боло шавад дар ин раванд.
Қисса кӯтоҳтар кунам, к-ин кинагар,
Бо худаш душман бувад, на бо дигар.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
анна раҷулан қола ли-н-набиййи, салла-л-лоҳу ъалайҳи ва саллама, Авсинӣ!
Қола: Ло тағзаб!”, яъне, дӯстам, “... марде ба Паёмбар (с.а.в.) гуфт: Маро насиҳат кун! (Паёмбар (с.а.в.)) гуфт: Хашмгин машав!”.

Бале, дӯстам, хашм аз ахлоқи бади инсонист ва аз нишонаҳои нодон будани шахс аст, ки аввал, ба худ раҳм намекунад.

Он табаддулоти ҷисмониву рӯҳоние, ки дар ботину зоҳири инсон вақти хашм пайдо мегардад, шаҳодат аз он медиҳад, ки инсон бо худаш душман аст, на бо шахси дигар.

Шахсе, ки худашро эҳтиром мекунад, дасту забони худро дар хашм олуда намекунад ва аз оромишу хотири ҷамъе, ки ӯро насиб шудааст, ҳеҷ гоҳ даст намекашад.

Хашму кинапарастӣ, адоват ва дигар мансубиятҳои нопок аз нишонаҳои кибр аст, ки шахсро мефиребад.

пешина
аз 175
навбатӣ