ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ва шахси мағрур, яъне, худфиреб, оқибати хубро надорад ва чун дар Ояти қуръонӣ омада: “... макару ва макара-л-лоҳ”, яъне, фикр мекунанд ки гӯиё Худовандро фиреб додаанд, вале дар асл, танҳо худро фиреб додаанду бас, чун Худованд онҳоро фиреб медиҳад.
Қиссаро боз ҳам кӯтоҳтар мекунам, дӯстам: ба ғазаб (хашм) дода машав ва касеро дар ғазаб маёзор, ки ин оқибати хуб надорад!
……….
- Оид ба масоили дурӯӣ, ки соҳиби чунин хислат аз бадтарин инсонҳо маҳсуб аст.
Ин, бибин, дӯстам, ки Холиқ бандаро,
Бо чиҳо кард бандубаст дар ин саро:
Як сару як тан ду дасту пой дод,
Ду руху дар рӯй ду гӯшро ҷой дод.
В-он ҳамон ду чашму бинӣ байни он,
В-ин даҳону лаб, муҷаҳҳаз бо забон.
Лек таваҷҷуҳ кардӣ, ин узвон ҳама,
Муҷтамеъ оянд дар ин рӯ чун рама.
Беҳтарин узвҳои ҳис бо якдигар,
Гаштаанд ҷамъ андар ин саҳни ҳунар.
Ҳар яке дорад маҳорат хос ба худ,
З-он ҳама, лек, ҳисҳо оянд вуҷуд.
Бин, чӣ тавр кӯр ин ҷаҳон бинад ба гӯш,
Ё ки гардад кар самеъ бо чашми дӯш.
Байни худ доранд нагуфта гуфтугӯ,
Ҳамдигарро даст гиранд дар кори хӯ.
Лек набошад дарси мо аз кори ҳис,
Чун бувад мавзуъ дигар дар ин ҳадис.
Гарчи гуфтем халқ кард узвҳоро ҷуфт,
Лек бидод бар одамӣ як рӯйи муфт.
Ӯ агар мехост меофард ду рӯ,
Лек, чӣ бошад чун биёфард як рӯ?
Сир надорад, ай бародар, хуб нигар,
Ин сабаб дар мову аз он Чорагар.
Одамеро мар нашояд дошт ду рӯ,
То нагарданд ҳамдигарро низ аду.
Н-ояд ғам бо сур дар як вақт, бибин,
Рӯи рӯй, ки бошад бешак баҳри ин.
Гуфта: “хуб”-у аз пасаш гуфтан “бад” аст,
Мардӣ набвад чун зи кори бас бад аст.
Қисса кӯтаҳ, бингар бар ин як ҳадис, Ончи гуфт дар боби ин он як азиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё