ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна шарра ан-носа зу-л-ваҷҳайни”, яъне, дӯстам, “... бадтарин мардум,
инсони дурӯ аст.”
Бале, дӯстам, дурӯӣ ва дурӯя будан аз хислатҳои нописанди инсонист, ки аслан нишона аз беаҳамиятӣ ба якдигар, ноэҳтиромӣ бар якдигар ва кинаҷӯиву айбу ғайб намудан аз якдигар шаҳодат медиҳад, ки ин ҳама аз хислатҳои бади шайтонист.
Инсон бояд якрӯву як рӯ дошта бошад, чун аз азал, ин ҳама сиришти узвҳову ҷисмҳои бадан бе асосу бе далелу бе мақсаду бекора офарида нашудаанд.
Албатта, Худованд аз сирри он беҳтар медонад, вале банда дар он ақидаи одист, ки агар ба инсон ду рӯ лоиқу лозим мебуд, пас, Худованди қодир ҳамоно дар ӯ ду рӯйро меофарид, вале Худованд ҳамагӣ як рӯйро офаридааст, ки он ҳам ҳикматҳо дорад.
Баъдан, ин кори басо паст аст, вақте ки инсони дурӯя ба рӯи шахсе як гапро мегӯяду аз пасаш тамоман суханҳои дигар мезанад. Ин аз рӯи адолат несту мардӣ низ ҳисоб намешавад. Дар ҳама ҳолатҳо, инсон бояд як рӯ дошта бошаду як сухану як кор.
……….
- Оид ба масоили ростгӯӣ, ки инсонро ба Ҷаннат мерасонад.
Ростиро ҳеҷ гоҳ набошад, бин, завол, Чунки онро ҳифз кунад Эзиди ҳол.
Нест душвор ҳифзи ҳақ аз ҷанби Ҳақ, Ин бувад қонуни Ҳақ дар ин фалак.
Бин, чӣ гӯяд соҳиби ҳақ бо хитоб?
“... ло йаъуд ҳифзуҳумо”, ё аҳли боб!
Ҳақ бувад аз хислати он Ростгӯ, Ҳақ шавад дар кори ҳифзаш чораҷӯ.
Чораҳо, бешак, шаванд пешаш падид, Чораҳоеро, ки то ҳол чашм надид.
Чашми ақл онро бибинад дар зуҳур, Чунки ақлро пур кунад он Ҳақ зи нур.
Мисли ҳавз аст ақли инсон, акси моҳ Инъикос ёбад зи он нур, ай фато.
Гар гирад абр рӯи моҳро, нопадид Акси моҳ дар об шавад аз чашми дид.
Абрҳоро ҳамчу пардай дон зи ҷаҳл, Чашми ӯ кӯр мешавад дар кори саҳл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё