ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Пас, чу ақл дорӣ зи ростӣ рӯ матоб,
Чунки дӯст дорад варо он Зулхитоб.
Ҳар кӣ бо ҳақ дӯст шавад, дӯст бо Худост,
Ҳар кӣ аз ҳақ дур шавад, дур аз Худост.
Каҷравонро ростӣ орад сӯи рост,
Он, ки шуд рост андар ин роҳ, бо Худост.
В-он, ки бошад бо Худо, ӯ оқибат
Ҷаннаташро ёфта бошад дар абад.
Бин, чӣ гӯяд маҳбуби Ҳақ пеши ом:
“... аҳли Ҷаннат бошад ростгӯ!”, вассалом.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна ас-сидқа йаҳдӣ ила-л-биррӣ ва инна-ал-бирра йаҳдӣ ила-л-Ҷаннати”, яъне, дӯстам, “... ҳамоно ростгӯӣ инсонро ба некӣ раҳнамун мекунад ва некӣ инсонро ба Биҳишт мерасонад”.
Бемуҳобо, ин ҳадис ба тавзеҳ эҳтиёҷ надорад, вале ба ҳар ҳол, як нуктаро ин ҷо бояд гуфта бошем, ки ростон, яъне ҳақгӯёну ҳақпарастону росткорон дар кори худ дар асолату ваколату бо сифоти худовандӣ рост мегиранд, ки он ҳам бошад,
- яке аз номҳои зебо ва сифатии Худованд ин Ҳақ аст ва чун Ӯ, ки худ Ҳақ аст, пас, ҳақро ҳамеша пеша мекунад ва онро ҳифзу ҳимоя мекунад.
З-ин сабаб, ростӣ завол надорад, чунки то Худованд ҳаст (ва Ӯ чун буду ҳасту мемонад), пас, ҳақиқати вай низ абадан мавҷуд аст ва ҳимоя намудани он барои Худованде, ки замину осмонҳоро, чун дар Ояте фармуда: “... ва ло йаъуду ҳифзуҳумо”, яъне, мушкилие дар ҳифз намудани онҳо надорад, пас, низ мушкил нест.
……….
- Оид ба масоили амонат будани додаву гирифтаҳои Худованд.
Ҳарчи доду ё гирифт аз мо Илоҳ,
Аз Худосту бар вай аст, бе иштибоҳ.
“... инна ли-л-лоҳ” гарчи хондӣ, пас бидон,
Ҳарчи дорӣ з-они Ӯст, ай меҳрабон.
Сӯйи Ӯ баргашта оем оқибат,
Ин бувад маънии Оят, ай балад.
Зиндагӣ худ неъмат аст, гар он расад,
Аз пасаш низ маргро бояд чашад.
Чунки марг ҳам неъмат аст аз он Худо,
То шавад ҷон оқибат аз тан ҷудо.
Варна н-ояд рӯзи фавт аз тан бурун
Ҷон, ки омад зери пӯст дар банди хун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё