Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оби Ганг бо худ варо ҳар ҷо барад.
Чун Худо дорад дар ин кор муҳри боб,
Пас, бидон: Ва-л-лоҳу аълам би-с-савоб!
Ту магир аз гуфтаҳоям кин ба он
Миллати озодихоҳи ҳиндуён.
Давлате бо таърихи чандин ҳазор
Сол бувад ин мардуми меросгузор.
Аз русуми динашон гуфтам сухан,
На ки дорам кор бар он як хештан.
Низ сухан дорам дигар аз кори ранг,
З-ин сабаб кардам қиёс бо оби Ганг.
Хуб, чу гуфтам, рӯи инсон низ забон
Зери пӯст дорад зи хуну аз равон.
Сурху испеду кабуд в-он як сиёҳ,
Мешавад зоҳир дар он рӯ аз ҳаё.
Ё зи ҳолу табъи вай зоҳир шавад,
Ё зи вазъ дар ин мизоҷ моҳир шавад.
Ранги рухро шарм кунад сурх, ай фато,
Карда бошад гарчи дар кор вай гуноҳ.
Ё зи ишқу ҷунбиши вай ранг гирад,
Ё ки худро аз гуноҳон танг гирад.
Гар ҳаё дорад, зи кораш шарм кунад,
Варна рӯро мисли бел бераҳм кунад.
Чун ҳаё аз рукни имон маҳсуб аст,
Пас, ҳаёкор назди мардум маҳбуб аст.
Шарм кунад маҳдуд зи кори бад варо,
Варна корад тухми бад дар ин саро.
Бош рафиқи ин ҳаё, шарм дошта бош,
Варна, гӯӣ оқибат “... ё вайлат”-ош.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна миммо адрака ан-носу каломи ан-нубуввати изо лам тастаҳйӣ фаснаъ мо шиъта”, яъне, дӯстам, “... яке аз суханоне, ки мардум аз паёмбарони гузашта дарёфтаанд, ин аст: агар шарм надорӣ, ҳарчи хоҳӣ кун”.

Албатта, ин ҳам яке аз зеботарин гуфтаҳову тавсияҳои ибратомӯзи Паёмбари акрам (с.а.в.) аст, ки инсонро васият ба доштани шарму ҳаё мекунад.

Бибин, дӯстам, ки ин марди Худо, ки аз торихи паёмбарони қаблӣ хуб бохабар буд, медонист ва бигуфт, ки ин суханро мардум аз гуфтаҳои паёмбарон дарёфтаанд, ки низ васият ва таъкид ба доштани шарму ҳаё карда буданд. Яъне, доштани шарму ҳаё аз қадим роиҷ буд ва аз дарсу тавсияҳои паёмбарони пешина маҳсуб мегашт.

пешина
аз 175
навбатӣ