Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигараш он ки касе, ки шарму ҳаё дорад, ҳатман аз кардани ҳар чӣ, ки мехоҳад ин дили сабилаш, даст мекашад ва ё ҳадди ақал, пеш аз кардани он, фикр мекунад, таҳлил мекунад, неку бадашро ҳисоб мекунад. Яъне, ба ҳар ҳол, шарму ҳаёе, ки дар хуни вай ҷорист, ӯро аз кардани он маҳдуд карданӣ мешавад.

Рӯи инсон, ки асбоби аслии тамоми узвҳои эҳсосот аст, ба мисли чашму гӯшу забон, боз ҳам як олоти махсуси дигарро соҳиб аст: пӯсту ранги он ва бибин, дӯстам, ки маҳз пӯсти рӯ сурху кабуду сиёҳу дигар мешавад, на пӯсти аҷзои дигар.

З-ин сабаб, сурхӣ андар он, пеш аз ҳама, аз нишонаҳои доштани шарму ҳаё аст.
Пайдо шудани ин ранг дар рӯй каси дигарро дарак медиҳад, ки инсон аз кардани ин ё он кор шарм медорад ва ё аз гуфтани чизе шарм медорад ва ҳоказо.

Ин рангҳои рӯй, аслан, “забони” рӯянд, ки мехоҳанд чизеро гуфта бошанд.

……….

  1. Оид ба масоили дидани гуноҳони худ аз ҷониби муъмин.

Оҳ, - агар гуфт Мустафо, Оят ба кӯҳ,
Дода мешуд, мешукуфид дар анбӯҳ.
Мекафид аз фаҳмиши маънии он,
Мерамид аз сайди доим ҷовидон.
Мегазид ангушти ҳайрат, чун надим
Мешуд аз таъкиди огаҳ з-он Қадим.
Зер мекард ғам варо аз ҳоли кор,
Гиря мекард, пас, ба ҳолаш зор-зор.
Гарчи сангин аст дилаш, аз ин сабаб,
Лахта мешуд, пухта мерехт ҳар лаб.
Лек дили инсон сахттар з-он дил аст,
Гарчи дил дорад, аслан, бедил аст.
Гарчи нарм аст, лек зи санг ҳам сахттар,
Аз дили сангини кӯҳҳо сангтар.
Лек ҳадиси навбатӣ н-аз ин бахш,
Гарчи аз навъи дигар, лек пурдурахш.
Аз сифоти нодири ин бандагон,
Ки шуморанд худро аз муъминон.
Он, ки имон оварад аз таҳти дил,
Ӯ бувад қоим дар имону сил.
Комил аст имони ҳар як муттақӣ,
Гар кашад даст аз гуноҳон пешакӣ.
Бин, чӣ гуфт дар ин радиф он Мустафо,
Пеши мардум вақти Ҷумъа, дар қазо:
...

пешина
аз 175
навбатӣ