Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна-л-муъмина йара зунубаҳу кааннаҳу қоидун таҳта ҷабалин йахафу ан йақаъа ъалайҳи”, яъне, дӯстам, “... муъмин гуноҳашро ба монанди кӯҳе мебинад, ки зери он нишастааст ва метарсад, ки рӯи ӯ биятфад”.

Чӣ қадар таснифоти беҳтарин аз сифоти беҳтарини муъмин, яъне, бандаи муттақӣ!

Шояд, дӯстам, шунидаӣ, ки баъзан мардум ин ва ё он шахсро “... инсони ботақво” хондаанд?

Агар чунин бошад, пас, бидон, ки “ботақво”, аслан “муттақӣ” аст, ки решаи он “виқоя” ва тарҷимаи аслиаш аз забони арабӣ, - “парҳез кардан” аст, яъне, даст кашидан аз ҳар он чизе, ки Худованд кардани онро бароямон ҳарому манъ намудааст, мисол содир кардани гуноҳ, хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург, чун гуноҳ, дар ҳама ҳолату шаклу теъдод, ҳамоно гуноҳ аст.

Дигар он аст, ки бибин, Паёмбари акрам (с.а.в.) чӣ гуфта истодааст? Яъне, муъмин бояд чунин хислат дошта бошад, ки гуноҳони худро ба мисли кӯҳи бузург тасаввур кунад ва ҳамеша дар хавфи он бошад, ки нишаста зери он кӯҳ, мабодо он кӯҳ ба рӯяш бияфтад.

Ва дигараш ин аст, ки сарфи назар аз ҳаҷму теъдоди он гуноҳ, чун болотар зикр кардем, он ба мисли кӯҳ бузургӣ ва вазн доштааст, ки каме сангрезаи он ва ё фуромади хоктӯдаи он инсонро метавонад ба ҳалокат расонад.

Пас, инсон бояд нисбати гуноҳони худ хуб эҳтиёткор бошад ва онро ба мисли ана ҳамон кӯҳ тасаввур карда бошад, ки ҳар доим метавонад ба рӯи ӯ бияфтад ва ӯро нобуд созад.

……….

  1. Оид ба масоили доштани ахлоқи нек.

Пири Балх андар китоби Маснавиш,
“... қасди Ислом дар адаб!” бар мо навишт.
Чун адаб гавҳар бувад аз дурри дур,
Медурахшад дар дили инсон чу нур.
Гар адаб нест дар дили инсон, зулум
Мешавад аммораи он аҳли бум.
Мекашад бар гирди худ он об фурӯ,
Мебарад бар қаъри худ ин тирарӯ.
Мекунад дар торикӣ роҳро дарак,
Мисли дузд даст мезанад дар мол сарак.
Ҳарчи бар даст ояд ӯ дар фикри хом Оқибат ночида дон, афтад ба дом.

пешина
аз 175
навбатӣ