ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ло кароҳ фи-д-дин, дар ин кор ҳеҷ кас,
Метавонад ҷон кашад аз хурд магас.
...
(дар идомаи ҳадисҳо оид ба “акбар-ул-кабоир” (гуноҳони кабира, бузург))
Анас (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) оид ба “акбар-ул-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира (бузургтарин гуноҳон) чунин фармуд: “... ва-л-қатлу ан-нафси...”, яъне, куштани (ба қатл расонидани) инсон аз қатори гуноҳони кабира будааст.
Бале, дӯстам, ҳеҷ кас ҳуқуқи куштани инсонро надорад, магарам, ин кори бад, танҳо ва танҳо вақти зарурӣ ва маҷбурӣ, ки бар ҷони инсони дигар ва ё бар аҳли хонаводааш хатари ҷисмонӣ зоҳир шуда бошад ва ҳамон ҳам дар вақти ҳимоя намудан, на ки ҳамла, ҷоиз асту бас.
Яъне, мусалмон ҳамоно ва мутлақо аз куштани инсон бояд даст кашад, дур аз ин кори зишт ва гуноҳ биистад ва қасди ин корро макунад.
Баръакс, чун Худованд худаш “а-р-раҳмону раҳим” аст, яъне, беандоза меҳрубону ниҳоят бораҳм, пас, офаридаи вай (инсон) бояд, ки мисли вай меҳрубону бораҳм бошад ва қиссаи қурбонии Исмоилро бори дигар аз назар гузаронад, ки корди тези буранда ба Иброҳим чиҳоро гуфта буд? Он Худованди меҳрубон ба корд чӣ амр карда буд?
Бояд мо дарк кунем, дӯстам, ки моро Худованд офаридааст ва ҷонро худаш дар ҷисмамон ҷой додааст ва ҷон дар тани зинда амонати Худованд асту бас ва танҳо Офаранда метавонад соҳиби он ҷону тан бошад, на каси дигар ва на чизи дигар.
Бубин ва бори дигар оид ба суханони иттиҳомонаи малоика вақти офариниши инсон фикр намо, ки бо чӣ суханоне онҳо мехостанд, ки Худовандро аз ҷаҳди сириштани инсон боздоранд?
Бале, бо “... йасфику ад-димоъӣ...”, яъне, онҳо гуфтанд, ки зарурат аз офаридани чунин як махлуқ, ки хуни якдигарро мерезанд, дар чист? Яъне, гуфтанӣ шуданд, ки чунин як махлуқ, лоиқи офариниш нест ва хостанд, ки Худовандро “забонкӯтаҳ” кунанд, вале Худованд бузург аст ва донотар аст.
Пас, барои он ки инсони оқил ин ҳамаи гуфтаҳои малоикаро бифаҳмад ва ба онҳо ва ба Худованди бузург исбот намояд, ки офариниши вай бекора набуду ӯ дар амри “... ва ло тақтулу ан-нафса...” (ва макушед ҷонеро) пойдору устувор аст, ӯ бояд ҳамаи он гуфтаҳои Худоро иҷро кунад, аз ҷумла накуштани инсони бегуноҳро. Вагарна суханони малоика исбот мегарданд.
Қадри инсон, дӯстам, ба ҳеҷ ваҷҳу мол, маблағу тин ва чизе дигар баркашиданӣ
нест. Вай бебаҳост, чунки нодир аст ва ҳамто дар офариниш надорад. Ӯ соҳиби мақоми баланд аст дар назди Худованд ва Худованд заҳматҳое дар офариниши ӯ кашидааст ва сарфи назар аз он гуфтаҳову таънаҳо, аз он шикоятҳо, Худованд Одамро, чи тавре ки қасд карда буд, биёфарид ва аз сирри офаридаи худ касеро огаҳ накардааст ва намекунад ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё