ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Пас, чӣ гуна даст бар гирифтани амонате, ки мо соҳиби он нестем, мекунем? Чӣ ҳақ дорем мо, ки чун одамро наёфаридаем, заҳмат накашидаем, сари худро дард надодаем..., он ҳақро аз Ҳақдор бар уҳдаи худ гирем?
Дар урфият низ мегӯянд: “Одам қимат аст...”, пас, қадри он қиматро бидон, ҷони ӯро маситон, қасду даст бар куштани ӯ макун!
Қадри маҳсули дастони Худовандро бидон, ки акси ин кор ба мисли он аст, ки ту заҳмат кашида, машаққат намуда, хонаеро бино мекуниву каси дигар ва бегона дар назди чашмони ту он хонаатро вайрон мекунад. Ин ба ту оё маъқул мешавад?
……….
- Оид ба масоили туҳмат бар занони муслимаву муъмина, ки он ҳам аз гуноҳони кабира маҳсуб мешавад.
Дар қатори ҷурми акбар, иттиҳом
Шуд мушаххас байни қавму ин авом.
Мақсадаш гар з-иттиҳомаш буд ғараз,
Бетакаллуф, ӯ мариз буд з-ин мараз!
Дар натиҷа, рӯяд аз он туҳмате,
В-ӯ шавад маҳрум зи меҳру раҳмате.
Дар бипӯшанд назди рӯяш, гуфта: Рав,
Ҳин умедвор аз Ғафур дигар машав!
Туҳмате бинмуда шахси покро,
Бар сараш пошидаӣ ту хокро.
Пок буду гуфтӣ, к-ӯ олуда аст,
Бӯйи бад дорад ва чиркин будааст.
Чирки худро дар танаш омехтӣ,
Айби худ дар гарданаш овехтӣ.
Бегунаҳ буд, ту гунаҳкор гуфтӣ,
Хоку хас бар ҳавлиаш бас рӯфтӣ.
Гар надонад қасди коратро, вале
Бохабар бошад зи он Ӯ з-аввале.
Гар надид бечора дар корат ғараз,
Лек Худо бинад бадиро, ай мараз.
Ин сухан поён надорад. Ин бас аст,
Мар чунин корро дар оғозаш садд аст.
Оқибат ӯ мешавад шарманда бас,
Мекушоянд баҳри ӯ парванда пас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё