ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Пас, макун туҳмат, хусусан занро,
Ҳар зани холису покдоманро.
Туҳмати занҳои покдоман хатост,
Ин забон з-ин қавли зур доштан равост.
Гар мадонӣ ҳаққи ҳол, беҳтар ин аст,
Ки бипӯшӣ ин даҳон муҳкам ба даст.
Гар забон сурх асту лекин ин ато
Метавонад сабзсареро хӯрд басо.
Ин забон хурдтар зи сар аст, лек сабил,
Метавонад ғарқ кунад дар баҳру гил.
Метавонад дод раҳо аз гурги зӯр,
Ё тавонад зиндагӯр кард дар қубур.
Ӯ тавонад сулҳ андохт байни кас,
Ё тавонад ҷанг созад кас ба кас.
Ман тавонам дар қиёс гӯям басе,
Лек намехоҳам малолро бар касе.
Қисса кӯтаҳ, ин забон андар даҳон,
Ё кунад обод, ё сӯзад ҷаҳон.
...
(дар идомаи ҳадисҳо оид ба “акбар-ул-кабоир” (гуноҳони кабира, бузург) ва ё
“сабъа му(в)биқот”, яъне, “ҳафт гуноҳони бузург”)
Абу Ҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) оид ба гуноҳони кабира (бузург) боз чунин фармуда буд, ки дар сафи ин акбар-ул-кабоир ва ё сабъа му(в)биқот, мисли ширк овардан ба Худованди карим, озурдан ва азият додани волидайн, куштани инсони бегуноҳ ва ғайра, боз “... қазфу ал-муҳсаноти ал-муъминоти...”, яъне, бар шаъну шарафи занҳои покдоману афифа ва боимон, бидуни далели қотеъ ва бурҳон ва бесабабу қасду аз рӯи кина туҳмат намудан будааст.
Пас, чун дар шарҳи пешина, оид ба нишонаҳои мусалмони комил ривоятеро аз Паёмбари акрам (с.а.в.) оварда будем, мусалмони ҳақиқӣ ва мукаммал ва асил он аст, ки аз дасту забони ӯ ҳеҷ яке зарар мабинад ва яке аз ин зарарҳо –туҳмат намудан будааст.
Ва чун туҳмат намудан бар мардум худ як гуноҳи кабира аст, пас, бемуҳобо, чун аз ин ҳадиси саҳеҳ бармеояд, хусусан туҳмат намудани занҳое, ки покдоман ҳастанд, боимону тақво ҳастанд, ноҷоиз асту дар шариъати исломӣ манъ шудааст.
Аз инчунин кор, дӯстам, ин забонро маҳкамтар паси дандонҳо, чуқуртар дар ғори даҳон бояд нигаҳ дошт, то ки дар фазои зулмоти ақлу ҷаҳолат мабодо суханеро гуфта бошему дигаронро ба хиҷолат андохтаву охиратамонро бисӯзонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё