Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бале, чун дар урфият гуфтаанд: “Забони сурх сари сабзашро метавонад хӯрад”. Пас чунин кореро мабодо макунем, ки ин забони “сабил” сари сабзамонро хӯрда, моро ба нобудӣ барад.

Оре, ин забон хело хурд асту вале “кораш” басо бузург аст. Вай метавонад бе ҷангу ҳарб шахсеро комёб ва музаффар намояд. Вале вай боз метавонад, ки инсонро шармандаву сарнагун созад. Вай метавонад бе ҷанг сулҳро ба ҷаҳон оварад ва боз метавонад, ки бе ягон асос ҷангро ифтитоҳ кунад ва ҳоказо.

Пас, дар роҳи хайру некиву баракот, бояд ки ин асбобро истифода кард ва ҷаҳонеро обод ва ҷонеро шод кард. Беҳтар аз ин кор дигар коре нест ва ин аст рисолати инсони комил ва мусалмони ҳақиқӣ.

……….

  1. Оид ба масоили хондани лаънат бар волидайни худ ва ё хондани лаънат бар волидайни касе, ки аз “акбару-л-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира ва яке аз “сабъа му(в)биқот”, яъне, яке аз ҳафт гуноҳони кабира маҳсуб гардидааст.

Ай, чӣ қарн аст, ай, чӣ мардум... Ин чӣ кор?!
Шарм куҷою ҳам куҷо шуд нангу ор?
Ӯ ки бад кард, лаънате хонанд бар аб,
На ки бар вай, чун бувад ӯ беадаб.
Қасди Мусоро чаро аз айди руҳ
Бояд он ки бозгирифт, ай чирарӯ?
Айби Исо чист, ки Мусо карду ту
Қасди Исо мекунӣ? Инсоф ку?!
Айби Мусо аз куҷо айби Исист?
Ҳуш дор, ай беадаб, камтар биист.
Ҳар дуро фарқе бувад в-аз ин замин
То ба осмон мекунад, ай аҳли дин.
Исӣ Мусо несту Мусияш магир,
Қавми Исо дигар асту фаҳм гир.
Дар рисолат ҳарду гар пайғамбаранд.
Лек бар исму феълу хислат дигаранд.
Он яке шуд сарвари қавми яҳуд,
В-ин дигар пайғамбари насронӣ шуд.
Чун навишт Балхӣ, ки “шеру шир” ба ҳарф
Як буванд, лек мухталиф дар мадди жарф.
Ин яке дарронад пӯсту устухон,
В-он якеро мардуме хӯрад ба нон.
Ин яке зардрангу пашм дорад, ҳин,
В-он дигар испеду тамъаш асалин.
Он дигар дандону мӯйлаб дар рухаш,
Аз дигар ояд лазиз бӯй аз буғаш.

пешина
аз 175
навбатӣ