ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Дошта айбро аз муназзаҳ фарқ кун,
Фарқҳоро байни эшон дарк кун.
Пас, чаро ӯ бад кунад, ту лаън сахт
Мезанӣ бар реши сахти ин дарахт?
Решаи вай айб надорад, обу нон
Медиҳад то сар занад аз хок ҷон.
Чун баровард ӯ саре аз хоки танг,
Пас, муҳит таъсир кунад бар ин гаранг.
Сабз кунад ӯ баргу пас, зарду хазон,
Сахт кунад ӯ пӯсту мағзу устухон.
Нест ҷоиз, пас, лаън хондан бар он,
Ки бидодаст ин дарахтро ширу нон.
“Лайса минно”, - гуфт Паёмбар инчунин,
Пас, забонро сахт нигаҳ дор, ай амин.
...
(дар идомаи ҳадисҳо оид ба “акбар-ул-кабоир” (гуноҳони кабира, бузург) ва ё
“сабъа му(в)биқот”, яъне, “ҳафт гуноҳони бузург”)
Абдуллоҳ писари Амрвин (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) боре чунин фармуд: “... инна мин акбари-лкабоири ан йалъана ар-раҷулу волидайҳи...”, яъне, ба таҳқиқ, яке аз гуноҳони кабира ин аст, ки фарзанд падару модарашро лаън, яъне душном диҳад, онҳоро ҳақир дар назди дигарону худаш намояд ва ночиз шуморад ва ба ҷои раҳмат бар онҳо овардан, баръакс, лаънатро бар онҳо биёрад.
Бале ва яъне, лаън хондан бар дигарон, аввалаш ин ки худ кори хатост ва дигараш он ки кореро набояд ба анҷом расонид, ки дигарон аз пушти он кирдори ношоистаи мо, ба падарону модаронамон, ба ҷои раҳмат, лаънат фиристанд, чунки чунин шахс, чун Паёмбар фармудааст: “... лайса минно”, яъне, “... аз аҳли мо нест”.
Имрӯзҳо мо шоҳиди он мегардем, ки худамон фарзандонамонро баъзан, бар ивази кори ношоистааш, “Бар падарат лаънат!” мехонем. Ва ё дигарон бар ивази рафтори бади фарзандони мо, ба онҳо чунин мехонанд. Ин мутлақо ноҷоиз аст.
Ин нодурусту хатост, дӯстам. Беҳтар мешуд, ки онҳо ва мо низ бо суханони нек онҳоро тарбия мекардему аз роҳи бад бозмедоштем.
Мо бояд инро низ дарк намоем, ки шахси айбдор аз шахси беайб фарқҳо дорад ва машояд, ки мо “қасди Мусоро аз Исо” гирем (ин, албатта, маҷозӣ аст ва дар гуфтори халқ, ҳамчу як иборае омадааст ва ҳеҷ рабте бар шахсияти ин ашхоси бузург, ки ҳар ду аз паёмбарони акрам маҳсубанд, надорад).
Ва ё “фарқро байни шеру шир” надид (ин аз яке аз ҳикояҳои пурмазмуни
“Маснавии маънавӣ”-и Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ аст оид ба сурату сират аст ва агарчанд, ҳам шеру ҳам шир дар алифбои ниёгон якхела навишта шаванд ҳам, яъне, сурати як дошта бошанд ҳам, вале дар асл бошад, онҳо тамоман дигаранд, яъне, хислат ва сирати мухталиф доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё