Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигараш он аст, ки чун дар Ояти карима омадааст: “... ва мо йастави-л-аъмо ва-л-басиру ва-л-лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти ва-л-мусӣ...”, яъне, шахси басир (боақлу хирад, оқил) бо шахси кӯр (беақлу бефаросот) баробар нест ва инчунин баробар нестанд он ашхосе, ки ба Худованд имон овардаанду амалҳои некро кардаанд, бо онон, ки гуноҳ содир мекарданд.

Пас, чун айбдор аз беайб фарқҳо дошта бошад ва онҳо дар тавозуни аҷру мукофот, мақому манзалат як набошанд, чӣ суд аз пушти кори он нобакор лаънро бар ақрабояш, ки эшон ба кори ӯ ҳеҷ саҳме надоштанду бехабар буданд, хонда бошем?

Бале, дӯстам, гапи мо на дар сари он, ки бояд ҳамоно айбдорро лаън хонд ва беайбро чизе нагуфт.

На! Гап дар сари он, ки умуман лаъну лаънат хондан ноҷоиз аст, дуруст нест ва аз гуноҳони кабира маҳсуб шудааст.

Пас, мо бояд аз лаън хондан, хоҳ бар волидайн бошад, хоҳ бар каси дигар, умуман даст кашем. Ба ҷои он хуб мешуд, ки бо суханҳои нек он шахсро тарбия медодем, роҳи дурустро ба ӯ нишон медодем ва ҳоказо.

……….

22.Оид ба масоили хӯрдани моли ятим, ки аз “акбару-л-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира ва яке аз “сабъа му(в)биқот”, яъне, яке аз ҳафт гуноҳони кабира маҳсуб гардидааст.

Рӯйхати мискину ибни-ас-сабил,
Шуд мураттаб з-айтамоу муштамил.
Чун зи меҳри волидайн маҳрум шуд,
Ҷоми ӯ аз заҳри мор масмум шуд.
Ҳарчи хӯрд, гашт дар даҳонаш занҷабил,
Гиря карда, гӯяд ӯ: “Монад сабил!”
Ҳарчи мехӯрд ӯ бидуни милҳу қанд,
Шӯри бад мегашту бас дандоншикан.
Дасти модарро сараш нодида буд,
На зи лутфи ӯ падар болида буд.
Рӯзу шаб яксон шуда, дар чашми ӯ,
Мисли моҳ, хуршед мегашт тирарӯ.
Оҳ, чӣ андӯҳ мекашид, аз ҷон алам
Мебаромад мисли дуд аз бешу кам.
Кори қисмат – кори ӯ нест, фаҳм кард, Чун дарак кард, пас, Худояш раҳм кард.

пешина
аз 175
навбатӣ