ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Раҳм бикун бар ҳоли мо чун ҷоҳилем,
Хуб зи маънӣ дуру банди зоҳирем.
Дидаву дониста, мо бар пушти хеш,
Мисли ақраб мезанем пурзаҳр неш.
Тоқати сахтӣ надорем, лек ба худ,
Оташе афрохтем андар худуд.
Гар ҳаме донем, ки сӯзем андар он,
Бо “ҷасорат” меҷаҳем бар қаъри он.
Дарди сӯхта сахту рӯйро бардурӯғ,
Мекунем мо дар алам “хандонфурӯғ”.
Метавонем мо фиреб кард ину он,
Бал Худову на ки худ, на ҷисму ҷон.
Чун бигӯем мо “накиду...”, лек “... акид”
Ту бигӯӣ баҳри кайди ҳар палид.
Ай Худо, аз ҷурми банда, пас, гузар,
Ҳифз намо ин бандаро аз ҳар хатар.
Гар кунем мо кори нек, ту даҳ савоб,
Менависӣ бар иваз андар Китоб.
Лек, агар мо як гуноҳ кардему бас,
Менависӣ як гуноҳ дар ҳоли кас.
Сирри ин кор дар чӣ бошад, чун Худо
Менависад як гуноҳро як гуноҳ?
Дар чӣ бошад мазмунаш, ай аҳли боб,
Чун кунем як, ӯ нависад даҳ савоб?
Хонда будам, гуфта буд як марди род,
“Мардӣ набвад пой задан гар ӯ фитод!
Мардӣ он аст гар гирӣ ту дасти ӯ!”
Дар чунин кори Худо мардӣ биҷӯ!
...
Дар аҳодис аз Абуҳурайра (р.а.) ва аз Ибни Аббос (р.а.) ва ё аз Ҳадиси қудсӣ, яъне, он суханҳо ва пандҳо ва ҳикматҳое, ки Худованди карим бидуни Оёти қуръонӣ ба Расули акрам (с.а.в.) нозил карда буд, чунин омадааст: “Инна-ллоҳа катаба-л-ҳасаноти ва-с-сайиъот...”, яъне, Худованд мегӯяд, ки ҳамаи некиҳо ва бадиҳоро дар Лавҳи Маҳфуз навиштааст, яъне, корҳо ва савобу аҷзи хоҳ некиҳо бошанд ва ё хоҳ гуноҳон, Худованд ҳатман дар номаи эшон менавиштааст ва аз рӯи вай ҳисобу китобро меоростааст.
Ва чун Паёмбари акрам (с.а.в.) дар он ҳадис изофа намуд, пас, “... фаман ҳамма би-ҳасанатин фалам йаъмалҳо катабаҳа-л-лоҳу лаҳу ъиндаҳу ҳасанатан комилатан”, яъне, ҳатто агар касе нияти некӣ карданро бикунад, вале бо кадом як сабаб онро амалӣ карда натавонад, Худованд як эҳсони (савоби) комилро бар вай менавиштааст.
Ва агар, -“... фа ман ҳамма биҳо фаъамилаҳо катабаҳа-л-лоҳу лаҳу ъиндаҳу
ъашра ҳасанотин ило сабиъмоати зиъфин, ило азъофи касиратин”, яъне, агар шахсе тасмими кори некро кунаду онро иҷро намояд, пас, Худованди карим бар як кори неки кардааш даҳ савобро ва ҳатто аз даҳ то ҳафтсад баробари он ва ҳатто зиёда аз онро бар он шахс менавиштааст, вале...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё