Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вале “... ва ман ҳамма би-саййиъатин фалам йаъмалҳо, катабаҳа-л-лоҳу лаҳу индаҳу ҳасанатан комилатан...”, яъне, касе агар нияти кори бадро бикунаду бо кадом як сабаб аз кардани он даст бикашад, Худованд бар вай як савоби комилро менависад.

Ва агар “... фаин ҳува ҳамма биҳо фаъамилаҳо катабаҳа-л-лоҳу лаҳу саййиъатан воҳидатан”, яъне, агар ӯ нияти кори бадро бикунаду онро амалӣ гардонад, пас, Худованди карим бар вай танҳо як гуноҳро менависад.

Аҷаб корест ва рафторест, дӯстам, чунин нест магар?!

Ростӣ, банда дар фикру савоби ин кори Худованд ва дар маънии ин рафтор бисёр ғалтидам. Ва ягона хулосае, ки ақламро фаро гирифт – ин нишонаи бениҳоят меҳрубон будан ва бисёр бораҳм будани Худованди “ар-раҳмону раҳим” нисбати бандагонаш аст.

Бубин, ки шахси бе ҳамин ҳам гуноҳкардаро “мардона” Худованд “пой намезанад” ва бар ивази як кори бадаш, даҳ гуноҳ наменависад, балки онро як гуноҳ меҳисобад.

Ва ҳатто, агар нияти бад кунаду аз раҳаш бозгардад ва ин сарфи назар аз он, ки аз сар, вай кори бад карданӣ буд, Худованд ба ҷойи гуноҳ, як савоби комилро менавиштааст.

Пас, бисёр пурбаракот ва муборакбод аст зоти он Худованди офаранда!

Бемуҳобо, ин аст нишонаи олии он зот, ки бениҳоят меҳрубону беандоза бар бандагонаш бораҳм будааст!

Албатта, ҳикматҳои зиёде аст дар ин гуфтаҳову ваъдаҳои Худованд, вале камина дарки онро бар зиммаи хонанда вомегузорад.

……….

  1. Оид ба масоили хӯрдани савганд ба номи Худо, гарчанде ки сухан бардурӯғ гуфта бошад.

Ё ки шоҳид овару ё ки далил,
Муттаҳам гар гаштаӣ дар кори зил.
Гар мабошад ину он, савганд талаб,
То ки орад марди зил аз дил ба лаб.
Гарчи донад пеши ду, саввум – Худост,

пешина
аз 175
навбатӣ