Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар умури гар тамаъ бо номи ӯ,
Ту қасам бас хӯрдаӣ, гардӣ аду.
В-он, ки гардад ӯ адуи Ҳақ, нигар
Чун канад ӯ аз адуяш пӯсти сар.
...

Абдиллоҳ писари Масъуд (Ибни Масъуд) (р.а.) чунин ривоят мекунад, ки рӯзе, Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “Ман ҳалафа сабрин ли-йақтатиъа биҳо мола-м-мриъин муслимин, лақийа-л-лоҳа ва ҳува ъалайҳо ғасбанан”, яъне, “Касе ки пеши қозӣ ва ё ҳоким ба дурӯғ қасам мехурад ва бо ин қасам ва дурӯғаш, қисмате аз моли як мусалмонро тасарруф менамояд, ҳангоме ки ба ҳузури Худованд мерасад, Худованд ба шиддат, яъне, сахт аз ӯ хашмгин мегардад”.

Бар замми гуфтаҳояш, Паёмбари акрам (с.а.в.) чунин Ояти нозилшударо
бихонд: “Инна-л-лазина йаштаруна бӣ ъаҳди-л-лоҳи ва аймониҳим
саманан қалилан, улоика ла халоқа лаҳум фи-л-охирати ва ло
йукаллимуҳуму-л-лоҳу ва ло йанзуру илайҳим йавма-л-қиёмати ва ло
йузаккийҳим ва лаҳум азобун алим”, яъне, “Касоне, ки паймони илоҳӣ ва
савгандҳои худро (ба номи муқаддаси Ӯ) бо баҳои каме мефурӯшанд, баҳрае
дар охират нахоҳанд дошт ва Худованд ба онҳо сухан намекунад ва ба онҳо
дар охират наменигарад ва онҳоро (аз гуноҳ) пок намекунад ва ба онҳо
азоби дарднокеро омода сохтааст.”

Яъне, дӯстам, - “бо баҳои кам фурӯхтан” - мазмуни дар кори пасту палиди худ номи Худоро, бо он ҳама “Биллоҳ, Таллоҳ, Валлоҳ”, яъне, “Ба Худо...” гуфтаниҳо, истифода бурда, бо номи муқаддаси Худованд қасамҳо хӯрда, дар суханони бардурӯғу ифлоси худ, номи поки Худоро олуда сохтан аст.

Ва ин ғараз аст ва кори пастфитрату фурӯмоягон аст, ки бояд аз чунин кор (агар мо худро мусалмон ҳисобем) дур истему парҳез намоем. Вагарна Рӯзи Қиёмат Худованд аз мо рӯй ва дасту меҳрубонии худро мегардонад ва назаре сӯи мо намекунад ва сухане намегӯяд ва ғазабе дар симои вай ҷилвагар мешавад.

Вақте ки Паёмбар (с.а.в.) ин Оятро мехонд, Ашъат, яке аз мусалмонон, ба масҷид медарояд ва инро мешунавад ва мепурсад, ки сухан оид ба чӣ буд?

Ва вақте ки мефаҳмад баҳри чӣ ин Оятро Паёмбар хондааст, онро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки ин Оят дар кори вай нозил шудааст.

Яъне, рӯзе писари амуи Ашъат чоҳи обро, ки Ашъат бо дастони худ кофта буд ва харҷи зиёдеро баҳраш адо карда буд, бо сад дурӯғу макр ва “Ба Худо...”-гӯён қасамҳо дар назди қозии он давра намуда, ғасб мекунад, яъне, аз они худ мекунад.

пешина
аз 175
навбатӣ