ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ганҷро андар замин ҳар мору газ,
Мекунанд посбонӣ аз чашмони кас.
В-он даме, ки даст барӣ бар хоки он,
Ҳамла оранду газанд бе ҳину ҳон.
Гар бикуштӣ мору газдумро ту, ганҷ
Мешавад дастрас бар ин дастони ранҷ.
Ранҷ кашидӣ? Пас, бидон, ганҷ з-они туст,
Ганҷро дар доми ранҷ бояд биҷуст.
Кист собир? – Он, ки баҳри ганҷи худ,
Сабр кунад он ҳамлаҳои беҳудуд.
Тоқат орад бар газиши мору мӯр,
Ҳамл кунад тангноиро дар коми гӯр.
Ҷойи “э, вой...” гӯяд ӯ “Шукри Худо,
Ки кунад санҷиш маро дар ин бало!
Ки маро ӯ интихоб кард аз ҳазор,
То кунад аз ин ҷасад нақши нигор.
То ки аз алвони хушранг суратам,
Нақш кунад пайдову покӣ дар танам.”
Дар мусибат сабру тоқат марҳам аст,
Гар мабошад, ӯ зи раҳмат барҳам аст.
З-инчунин як қиссаи санҷиши том,
Хуб гӯям, то шавад маънӣ тамом.
Буд маро Устоду сахтгир буд ба ман,
Бар даҳон мезад дар ҳар анҷуман.
Аз даҳонам ҳар сухан ногуфта хонд,
Ҳоли ман дар анҷуман-ш ошуфта монд.
Гар будам омода бар сад, лек ӯ
Мисли душман бар мане мекард хӯ.
Нохуфта, ман шабон кардам дурус,
Ҳоли манро дида, механдид хурӯс.
Лек ба ҳар ҳол севу чор, на панҷи пур,
Буд баҳоям з-ину он бас пур-пур...
Гар ҳариф меомаду мегуфт фанд,
Мар варо ҳатман меомад-ш писанд.
Аз дурӯғу рост гар гуфт сад ҳарф,
Дар баёни ҳар якаш медид жарф.
Мегирифт ӯ панҷу ман ду, севу чор,
Ҷаҳл дӯстам гашту вай бо бахт ёр.
Шуд замоне, ман зи ин кори газоф,
Ҷоҳилона худ ба худ кардам хилоф.
Назди Устод рафтаму аз ӯ сабаб,
Пурсидам аз сирри “кори бесабаб”.
Ҷаҳл дар хун ҷӯшиду ман муттасир,
Аҳмақона пурсидам аз вай ин ғийир.
Хуб гӯш кард, хандиду бо лутф гуфт:
“Он баҳои панҷ бар ӯ буд бас муфт.
Қасд набуд дар кори ман, ай бу-л-фунун,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё