ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Паёмбар бошад, чунин суол дар ҷавобаш ба Саъд медиҳад: “... ав муслиман?!”, яъне, ай Саъд, оё ту ӯро мусалмон медонӣ?!
Яъне, Паёмбари акрам гуфтанӣ буд, ки он ашхосе, ки ба ҳадяи ӯ мушарраф гардидаанд аз қатори “заъиф-ул-имон”, яъне, аз сустимондоронанд, вале шахсе, ки ба вай Саъд ишора намуд, аз қатори таслимшудагон буд, яъне, мусалмони комил аст ва эҳтиёҷ бар дилдорӣ надорад.
Ва вақте ки Саъд себора ин талабашро такрор мекунад, Паёмбари акрам чунин мегӯяд: “Ё Саъд! Иннӣ ло уътий ар-раҷула ва ғайруҳу аҳаббу илаййа минҳу, хашйата ан йакуббаҳу-л-лоҳу фӣ ан-нори”, яъне, “Ай Саъд! Ман гоҳе нисбат ба касе бахшиш мекунам, вале шахси дигаре, ки чизе ба ӯ надодаам, азизтар аст, чун метарсам Худованд ӯро дар оташи Ҷаҳаннам масӯзонад”.
Аз ин бармеояд, ки мусалмон бояд чунин ашхосеро, ки дар роҳи дину имон сустанд, агар тавонанд, дилдорӣ кунанд, бахшишҳо кунанд, то тавонанд бисёртар кумакашон кунанд.
Ва он ашхосе, ки аллакай мусалмон шудаанд, аз чунин “маҳрумшавиҳо” дилгир машаванд, ки комиланду соҳибони ақлу хираду мукофоташон дар назди Худованд ҳамеша омода аст.
……….
- Оид ба масоили вақту воҷибот, нишонаҳои Рӯзи Қиёмат ва фурсати додашуда барои тавбаву ислоҳкорӣ.
Ай писар, дон, ҳар намоз дар вақти худ,
Суннату асту воҷиб асту фарзӣ буд.
Бигзарад гар дар адояш фурсате,
Фарз шавад андар қазояш рухсате.
Лек мабошад дар савоб он муставо,
Гар машуд дар вақти худ он кор адо.
Вақту соъат дорад ҳар як кору бор,
Пас, шавад мақбулу он кор эътибор.
Вақт ғанимат дону ҷаҳдро бас зарур,
Чунки нон дар рӯзи масғаб шуд манур.
Чун шавад сер соиле дар вақти худ,
Меравад ӯ аз дари ту худ ба худ.
Мекунад шодиву дархост аз Худо,
То шавад розӣ зи ҳиммат он Сахо.
То кунад фарох насибат ӯ дучанд,
Чунки коре кардаӣ бар вай писанд.
Матлаби соил ҳамеша мустаҷоб Асту гардонад ба ӯ ҳатман ҷавоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё