ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Лек, бидон, ай Аҳмадо, к-ин кори ман,
Бозмадорад амри ӯро аз шудан.
К-ин Худо дар кори худ кард интихоб,
Маҳз туро фармон намуд: “Хон з-ин Китоб!”
Порчае, ки бар сарат нав мекашӣ,
Кумакат номекунад дар саркашӣ.
На зи чашми ӯ тавонад хок нуҳуфт,
Шикваро, ки бар малак истеза гуфт.
Ҳафт қабат гар рафта бошӣ андарун,
Ӯ ҳамоно ёфта бошад баҳри “Кун!”
Ҳафт қабат дигар равӣ бар осмон,
Мекунад пайдо туро ӯ з-аҳли он.
Нест ҷойе, то кунӣ аз ӯ фирор,
Бар забон, пас, “... менатонам...”-ро маёр!
В-ин матарс аз он Худо, ки мунтахаб
Чун накардаст бандаеро бесабаб.
Ногаҳону аз тасодуф дар ҷаҳон,
Ҳиҷ коре, пас, набошад, ай фулон.
Ҳар шаванда мешавад бо хости ӯ,
Ҳар чӣ шуд, бо амр шуд, ай маъниҷӯ.
...
Оиша (р.а-ҳо) ривоят мекунад, ки аввалин ваҳйе, яъне паёми Худованди карим, ки рисолати паёмбарии Муҳаммади мустафо (с.а.в.) ба он шуруъ шуд, ба сурати руъё, яъне, хоб ва ҳар он чизе, ки дар хоб мебинӣ ва мушоҳидоти дурусту саҳеҳ дар хоб будааст.
Яъне, дӯстам, аввалин паёмҳоро аз ҷониби Худованди бузург, Паёмбари мо дар хоб мегирифт, ба ӯ аён мешуду онро мушоҳада мекард ва ҳар хоберо, ки медид, монанди рӯзи рӯшан ба вуқуъ мепайваст.
Сипас, он ваҳй ба хилвату танҳоӣ алоқаманд шуд ва мисоли он, дар хилватнишинии Паёмбар дар ғори Ҳирост.
Дар он ҷо, пайи ҳам ва чандин рӯз, Паёмбари акрам ба ибодат машғул мешуд, рӯза мегирифт, зикр мекард ва танҳо баъди гузашти чанд рӯз, барои гирифтани ғизо ба хонааш мерафт, кафофаи ғизоро нав намуда, боз ба ғор бармегашт.
Ва инак, яке аз рӯзҳо, вақте ки Паёмбар дар ғор ба ибодат машғул буд, ваҳйи ғайри руъё, яъне бидуни хоб, дар бедорӣ ба ӯ нозил гашт.
Фариштае, яъне, Ҷабраил (а.с.), ба назди Паёмбар фуруд омад ва ба ӯ гуфт:
“Иқраъ!”, яъне “Бихон!”.
Паёмбари акрам дарҳол чунин ҷавоб медиҳад: “Мо ано биқорийин...”, яъне,
“Ман маҳорати хонданро надорам...”, яъне, хонда наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё