Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва сарфи назар аз он, ки ҳамаи мардум онро мушоҳида мекунанду мефаҳманд, ки ин рӯзи охири ҳаёташон аст ва ҳамагӣ ба имон овардан саросема мешаванд, он рӯз он “имоноварданиҳо” ба касе фойида намекунад, чунки фурсати дигари пеш аз он додашударо онҳо ғанимат надонистанд ва сарфи назар аз огаҳонидану бимдоданиҳо, онҳо ба кору бори худ овора буданд ва аз он имконоти фароҳам дуруст истифода набурданд.

Пас, чӣ суд аст, вақте ки вақт додашуда буд ва мо метавонистем аз корҳои худ таҳлилу хулоса намоем, тавбаву дуъо кунему аз роҳи бад бозгардем, он ҳамаро накардем ва акнун, ки вақт расиду дарҳои раҳмат пӯшида ва имконот аз даст рафта, тавба мекунему тазарруъ?

Пас, тавба ҳам, мисли он намоз, дар вақти худ воҷиб будааст!

Ҳар он даме, ки диламон таппиш мекунад ва мо дар қайди ҳаёту ҳушёрем, бояд ки қадре бозистему фикр намоем, тавба кунему талабем... вагарна вақт, ки рафт, ин ҳама кор беҳуда аст. Албатта, Худованд боз беҳтар аз сирри он хабардор аст!

……….

  1. Оид ба масоили нозук, ки аввалин Ояти нозилшуда “... иқраъ”, яъне, фармону даъвати Худованд ба хондан буд ва ё “... ё, аййуҳа-л-муддасир”, яъне, “... ай (он, ки худро бо порчаи) матоъ пӯшида”? Ва оид ба масоили мунтахабу баргузида шудан ва масъулияти он дар назди Худованди фармоишгар ва фазилати некӣ.

Дуррату-л-айнӣ Паёмбар дида ҳол,
Бар Ҳабибаш “Ҳош!” гуфт андар малол.
Вазъият ин аст, ки Ҳақ дар кори худ,
Ҳар чӣ хоҳад, мекунад айни вуҷуд.
Нест дар кораш яке ҳам иштибоҳ,
Ҳар чӣ мехоҳад, кунад айни салоҳ.
“... Ан йақула лаҳ, кун!”, пас, “... фо-йакун”
Мешавад дар назди по-ш афлок забун.
Ҳар фалак бар кор ояд, нест шак,
Махдуму чолок гардад ҳар малак.
Бар сари хоки ҷаҳон гарданд ҷамъ,
То кунанд фармонро иҷрову там.
“... Истафайнаҳу фӣ дунё” баҳри ом,
Мустафо хост, Мустафо гашт, ва-с-салом!
“Печ маро!” гӯӣ, печат мекунам, “Ҳеҷ!” бифармоӣ, ҳеҷат мекунам.

пешина
аз 175
навбатӣ