Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Изофа:

Пас, дӯстам, бемуҳобо, вақте ки Худованд чизеро ба нақша гирифтаву нисбаташ амр намудааст, ҳатман кори шуданист (Сураи “Ёсин”: “... изо арода шайъан ан йақулу лаҳу “Кун!”, фа-йакун” ва ё дар Сураи “Бақара”: “... ва изо қазо амран, фаиннамо йақула лаҳу “Кун!”, фа-йакун” ва ё дар дигар сураҳо омадааст).

Аз ин ҷост, ки чун рисолати Паёмбари акрам (с.а.в.) аз азал дар нақша буд (“...
ва лақади-с-тафайнаҳу фи-д-дунё...”, яъне, “... чун баргузидем ӯро дар ин дунё...”), пас, Муҳаммад чорае надошт ҷуз ин рисолатро ба ҷо оварад ва аз ин ҷост, ки яке аз лақабҳояш “Мустафо”-ст, яъне, “Баргузида”, “Интихобшуда”.

Ва чун баъди сухан ва фармони аввалини нозилшуда (“Иқраъ...!”), Паёмбари
акрам (с.а.в.) худро дар ҷойгаҳ, зери кӯрпаву порчаҳои матоъ печониду гӯиё
худро“пинҳон” аз чашмони бинандаи Худованд мекард, Ояти дигар нозил шуд,
ки эҳтимолан, сухан ва фармони дуввуми Худованди карим ба Муҳаммади
мустафост: “Ё, аййуҳал муддасиру! Қум фа-анзир! Ва раббака факаббир. Ва
сиёбака фатаҳҳир! Ва-р-руҷза фаҳҷур!”) (Сураи “Муддасир”), яъне, “Ай, касе,
ки худатро (бо порчаҳои матоъ) пӯшонидаӣ! Бархезу (мардумро) биму огаҳ
бинамо (ва ба роҳи росту дуруст панд бидеҳу даъват бикун)! Ва танҳо
Парвардигоратро (дар бузургӣ ва покӣ ёду) таъзим кун! Ва либосатро (аз
ҳар олудагии ҳам ҷисмониву ҳам маънавӣ) пок нигаҳ дор! Аз ширку
бутпарастӣ парҳез кун!”

Худо, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили нозук, ки аввалин Ояти нозилшуда “... иқраъ”, яъне, фармону даъвати Худованд ба хондан буд ва ё “... ё, аййуҳа-л-муддасир”, яъне, “... ай (он, ки худро бо порчаи) матоъ пӯшида”? Ва оид ба масоили мунтахабу баргузида шудан ва масъулияти он дар назди Худованди фармоишгар ва фазилати некӣ.

(дар идомаи ривояти Оиша (р.а-ҳо), ки оид ба ваҳй ва нозил шудани фармони
аввали Худованди карим бар Муҳаммади мустафо (с.а.в.) дар ғори Ҳиро)

Оҳ, агар Одам донист, ки Биҳишт
Хубтар аст аз ин замину ҳаббу кишт,
Ӯ намекард баста аҳдро мунқатеъ,
В-ин намекард ӯ тақал назди Васиъ.
Менаомад сӯи дунё баҳри кор,
Менашуд бар қавли сарваш ӯ дучор.

пешина
аз 175
навбатӣ