ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Менабурд ӯ ҷавру истам аз замин,
Менагашт ночор дар он, ай амин.
Менадошт ӯ эҳтиёҷ бар ину он,
Менакард аз шаққу миҳнатҳо фиғон.
Менагуфт ӯ “... зулм кардем” чун қимоб,
Менабишнид “... мо заламно” дар ҷавоб.
Оҳ, басе ночору ӯ дармонда шуд,
З-он пасе, ки ӯ зи Ҷаннат ронда шуд.
Оҳ, агар Бу Ҷаҳл медонист, ки Нор
Мекашад охир ба комаш, нобакор
Менакард ҳар кардаашро бо Ҳабиб,
Менагашт аз аҳли хуср он Бу-Лаҳиб.
Менишаст дар ҳалқаву дар маҷлисе,
Менашуд аз панду ҳикмат мублисе.
Менагашт ӯ бас мариз аз кори бад,
Менашуд захмӣ зи заҳри мори бад.
Менагашт охир зи гардан печи лиф,
Менашуд бо зан дар оташ ҳамрадиф.
Оҳ, басе ӯ ноумед гашт Рӯзи Қир,
Чун ба дом уфтод ба дасти сахтгир.
Ай, пасо, дӯстам, бигир з-ин кор панд,
Дарк бо ақл, ақл бо ин кор банд.
Лаҳзаро бишмар ғанимат, гар биҷаст,
Тоири рафта, дигар н-ояд ба даст.
Булбуле, к-аз ин қафас берун шудӣ,
Бар ҳавои тоирон маҷнун шудӣ.
...
Пас, чун ин ҳамаи воқеъотро Хадиҷаи кубаро аз ҷаноби Паёмбар (с.а.в.) мешунавад ва ӯро тасаллӣ медиҳад, ки Худованд бузургу ҳеҷ гоҳ бандаҳои неки худро намеранҷонад, пас, ҳардуи онҳо берун мешаванд ва ба назди амузодаи Хадиҷа, ба ном Варақа бин Навфал бин Асад бин Абди-л-ъузза, ки ба дини масеҳият, яъне насронӣ гаравида буд, мераванд.
Варақа бин Навфал аз “Аҳли Китоб” буд ва дониши хуби диниро дошт ва дар бозгардонидани мутун ба забони ибрӣ ном бароварда буд. Машҳуру донишманду марди солхӯрда буд.
Инак, онҳо назди Варақа бин Навфал меоянд ва аз кору ҳоли шуда ӯро хабардор мекунанд.
Варақа бин Навфал, пас, чунин мегӯяд: “Ҳозо-н-номусу-л-лазӣ наззала-л-лоҳу ъало Мусо!”, яъне, “Ин ҳамон паёмовари хайре аст, ки Худованд ӯро ба назди Мусо (а.с.) мефиристад.
Яъне, дӯстам, Варақа Паёмбарро аз рост будани ин ҳолу шаҳодат аз омадани Ҷабраил (а.с.), ҳамчу “паёмовари хайр” аз Худованд ба назди Расулуллоҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё