Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

медиҳад ва чунин идома медиҳад: “Ё лайтанӣ фиҳо ҷазаъан...”, яъне, “Ай кош,
ман ҷавону нерӯманд дар вақти паёмбарии Шумо мебудам...”

Яъне, Варақа гуфтанӣ мешавад, ки агар вай ҷавону нерӯманд мебуд, ҳатман вай дар бари Паёмбар (с.а.в.) истодагарӣ мекард ва ин дини ҷадиду ҷозибро, яъне, Исломро, эҳтимолан, қабул ҳам мекарду онро ҳифзу ҳимоя мекард, вале, афсӯс, вай пир буду чунин дигар қудрат надошт.

Варақа бин Навфал низ қудрат ва маҳорати худододаи пешгӯиро соҳиб буд ва
маҳз ӯ, вақти гуфтани ин суханҳо ба Паёмбари акрам мегӯяд, ки маҳз ақрабоят
аз аҳли Қурайш туро ва даъвататро ва динатро рӯзҳои аввал намепазиранд ва
ҳатто туро аз Макка, аз шаҳрат меронанд ва таассуфона, Варақа, чунин сухани
худро ба итмом мерасонад: “... ва ин йудрикнӣ йавмука, ансурка насран
муаззаран!”, яъне, “... ва агар ба он рӯз бирасам, ман ба Шумо кумак хоҳам
кард!”

Ва мутаассифона, чуноне Варақа пештар пешгӯӣ карда буд, чунин ҳам мешавад.
Аҳли Макка ва маҳз аҳли қабилаи Паёмбар (с.а.в.), яъне Қурайшиҳо, аввалин шуда ӯро “рад” мекунанд, садди роҳаш ва садди рушди дин мегарданд, Паёмбарро азият медоданд ва дар ҳар маҷлиси даъво, ӯро “забонкӯтаҳу масхара” мекарданд, номашро ба “Маҷнун” ва ё “Ҷиннӣ” ҳам бароварданд ва ҳоказо. Ҳатто амакаш, Абу Ҷаҳл ва ҳамсараш, дар роҳи Паёмбар хор мекоштанд, аз болои девор бар сараш вомондаҳои ишкамбаи бузро мерехтанд ва ҳоказо.
Чанд нақшаи залил, ҳатто нақшаи куштани Паёмбарро низ кашида буданд.

Ай, кош, ин ҷаҳолатзадагон мефаҳмиданд, ки истеза бо Худодода – кори беҳуда аст. Ай кош, ин афрод мефаҳмиданд, ки мақбул накардани ҳақиқат – ин нофармонӣ аст, ин саркашӣ аст.

……….

  1. Оид ба масоили чашмони Худованди басир, кори рост ва Даҷҷолу даҷҷолкорӣ.

Ай, аҷаб маънист андар ин “Балад”,
К-оиди чашмони идрокаш бувад.
Чун яке бинад сувар, нақл дидаро
Мекунад пайваст бо ақл, ай даро.
Ақл низ чашм дораду ӯ дар замир,
Мекунад бо“обу ордаш” бас хамир.
Бишканад ҳезуму оташ, ай манур,
Часпонад ӯ зуволро дар танӯр.
Гарму тафсон мешавад, дар он падид,
Бас сапедӣ мешавад дар чашми дид.
Чун бичаспонад хамирро андар он,
Дар сапеди-ш сурх гардад безабон.

пешина
аз 175
навбатӣ