ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Шояд ин суханони Оиша (р.а-ҳо) дар бораи кор надоштани дигарон бар кори
Паёмбар бошад?
Яъне, ӯ гуфтанӣ буд, ки агар касе дар кору гуфтаҳои Паёмбар гумоне, шакку шубҳае ва ё назари ихтилоф дошта бошад ва ё ба кору бори Паёмбар дахолат карданӣ бошад ва ҳоказо, пас, ӯ хато мекунад ва Оиша (р.а-ҳо) таъкид мекунад, ки ҳар сухане ношунида аз Паёмбар ва аз номи ӯ гуфтан – дурӯғи маҳз ҳисобида мешавад ва ҳатто, туҳмат.
Худованд, албатта, боз беҳтару бештар медонад!
Валекин, чун Худованд фармудааст: “... ақрабу мин ҳаблин варид”, яъне, Ӯ, Худованд ба инсон наздиктар аз шоҳраги инсон аст, яъне, дар дилу дида ҷой гирифтааст ва чун Ӯ “ломакон” аст, яъне, макони муайян надорад, Ӯ ҳар ҷост, ва танҳо, чун дар Ҳадиси Қудсӣ омадааст, ягона дар Рӯзи Қиёмат, Ӯ ваъда кардааст, ки худашро танҳо бар муъминон, ки “... йуъминуна би-л-ғайби”, яъне, ӯро нодида, бо чашмони гушоди дилашон Худоро дарк намуда, ба Вай бовар карда буданд, нишон медодааст.
Худованд, албатта, боз беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили ихлос, боварӣ ва дидани дасту хоҳиши Худованд дар амру иҷроиши коре ва дидани лиқойи мубораки Ҳақ таъоло дар Рӯзи қиёмат.
Гарчи ихлос мекунӣ имрӯз ба санг,
Бегумон, фардо туро ояд нанг.
Номусат сахт гираду қаҳр дар сарат,
Гирякунон гӯяд: “Беҳтар мурданат!”
З-ин ки аз санг ё чизе ёфтӣ шифо,
Дон, ки мисли ту буванд - банди Худо.
Чашм дид он хоссаро дар санги сахт,
Ақл мадид, лек Ҳақро дар тоҷи бахт.
Ё мисоли дигар дар ин вазъи ҳол,
Гуфта бошам, то раҳо ёбӣ зи дол.
Оиди қурбонии Исмоил аст,
Ё ки худ оиди кори моил аст.
Мо чизеро доимо бинем зи ғайр,
Менабинем мо ҳаво, бинем тайр.
Лек, агар болро мабошад бод, пас,
Метавонад сӯйи осмон рафт хас?
Ӯ, ки амр бар ханҷари Ибром намуд,
То мабуррад гардане дар он вуҷуд.
З-ин сабаб, фарзанди ӯ гардид раҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё