ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Яъне, дӯстам, “... ҳар кас (ва ҳама) бар раъиййати худ ҷавобгар аст!”; подшоҳ дар назди шаҳрвандон, волидайн дар назди фарзандон ва ҳоказо, ва ҷое ва ё баҳонае нест, ки ин гурӯҳ масъулин аз ҷавобгарӣ озод бошанд, магарам, чун дар мисоли таъкиди Худованд ба Муҳаммад (с.а.в.): - “... ва ло тусъалу ъан асҳобил-ҷаҳим”, яъне, сарфи он ҳама масъулият ва огаҳонидан, агар раъиййат пандро магиранд, пас, худи онҳо ҷавобгар дар назди Худованди қаҳҳор дониста мешаванд.
Яъне, аз ин ҷост, дӯстам, ки кори соқит, яъне, аз худ буридан, яъне, таъкидро се бор кардан, то он даме, ки инсон онро ё гираду пайравӣ намояд ва ё пандро магираду аз қатори муҷримон бигардад, ин аз масъулияти мост; гирифтан ва ё нагирифтани он панд – аз масъулияти раъиййат аст.
Ҷанбаи мантиқии ин гуфтаҳо ин аст, дӯстам, ки мисол мову фарзандонамон ва чун фарзандон аз мо рӯидаанд, ҳамхунанд, яъне, сохти генетикии мо дар онҳо ирс шудааст..., пас, онҳо моянду мо онҳоем. Пас, чӣ гуна мо бар онҳо масъул мабошем? Масъулият бар онҳо – ин масъулият бар худи мост.
Оё узве дар бадани мо ҳаст, ки вақти нобакор шудани узви дигар, хотири ҷамъ дошта бошад? На! Чунки ҳар як узв вақти бекора шудани дигараш, сахт ҳаракати кумак намудани организмро мекунад ва ҳатто дар баъзе аз ҳолатҳо ҳаракат мекунад, ки ба ҷойи он дигар кор ҳам кунад.
Бани Одам низ ҳамин аст, аз чунин сабаб, Саъдӣ низ навиштааст: “Бани Одам аъзои якдигаранд...”Пас, агар Бани Одам аъзои якдигар, ки бошад, ҳар як масъул бар якдигар аст.
……….
- Оид ба масоили доштани ҳисси масъулият назди ҳамҷинсон, хешу ақрабо ва аҳли хонавода. Идома: Суол: Масъулият дар чӣ бояд зоҳир бошад? Изофа: Тобише чанд аз тафсири Ояти карима: “... ва анзир ъаширатака ал-ақрабина”.
Чун бувад масъул Набӣ дар назди Ҳақ,
Мерасонад гуфтаро бар гӯши шақ.
Муждаро бар муъминон аз аҷри зид
Мерасонад, бегумон, аз он Мазид.
Ҳаққи Аҳмад муждаву огаҳкунист
З-инчунин ҳақ ҳамаро, пас, ӯ Набист!
Дар чунин кор мешавад масъули кулл,
В-аз чунин вазъ медиҳад ахбор Расул.
Ӯ муваззаф гашта, то ки ин паём,
Даррасонад комилан бар кулли ом.
То гиранд баҳра зи қавлаш умматон,
То кунанд рафтори нек ин пайравон, То дар охир, муъминон розӣ шаванд, Ҳамдаму ҳамрози он Қозӣ шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё