Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Эй яҳудидухтар, моро шариат зад! Мани мусулмон то ба имрўз бо чашми шаҳват ба тарафи зане нигоҳ накарда будам. Беҳуда мардуми мусалмон нагуфта будаанд, ки: «Бадтарин гуноҳ, яъне гуноҳи кабира ин зино аст». Ту маро ба зино чун шайтони раҷим қариб буд, ки оварда расонӣ. Ман ба ғазаби Худоям гирифтор шудам, дунёву уқбоямро сўхтам! Дод аз дасти зан! Дод аз дасти ақли ҷузъӣ!
Нормуроди нимбараҳна давида тирезаро кушод. Хост ба берун ҷаҳад ва ба поён нигариста, ҳуш аз сараш парид.
Акнун ба ёдаш расид, ки ў дар ошёнаи 25-ум қарор дорад.
Ноумед шуд ва ба тақдир тан дода, ақиб гашт.

ДАҲШАТ

Светаи бараҳна гўшаки телефонро гирифта, ба милиса хабар дод. Аз нав либосҳояшонро ним чаппаю ним роста ба пўшидан сар карданд. Садои тақ-тақи дар ба шикастан бадал шуд. Аз сабаби шитобу тарсу даҳшат либосҳои таги ҳамдигарро мепўшиданд. Онҳо дар ҳолати нимбараҳна буданд, ки тахтаҳои дар аз зарбаи табар пора-пора шудан гирифтанд. Света Нормуродро дар зери рахти хоб пинҳон кард. Оқибат дар шикаста шуду Михоэл чун ғули биёбонӣ бо хашму ғазаб, табар дар даст вориди хона шуд. Сурату симои ў хеле даҳшатовар менамуд. Чашмонашро хун пахш карда суп-сурх гардонда буд. Ў табарро бо ду даст ба болои сараш бардошта, ба тарафи Светаи нимбараҳна ҳуҷум кард ва мехост, ки бо табари тез ба фарқи сари завҷаи хиёнаткораш зада ду пора кунад. Аз қазо ў ба мўзаҳои аз таги диван баромадаи Нормурод пешпо хўрда, рў ба фарш афтод.
Табар аз дасташ хато хўрда, лағҷида ба таги диван рафт.
Нормурод бо шитоб табарро дошта, дар қабати таги диван, дар миёни ду пора тахтачўб пинҳон кард. Михоэл аз ҷояш ҷаҳида хестан замон чашмаш ба мўзаҳо афтод ва он мўзаҳоро гирифта, ба ҷойи табари гумкардааш ба сару рўйи Света задан гирифт.

пешина
аз 191
навбатӣ