Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Света ба пушт афтод. Михоэл дар болои қафаси синааш нишаста бо мушт ба сару рўй ва гарданаш мезад. Чунон мезад, ки аз даҳону бинӣ ва гўшҳои Света хун равон шуду беёд гашт. Мард бо ин кор қаноатманд нашуда, ба болои соқҳои пояш баромада, ҷаҳида, зада зер кард. Дар натиҷа устухонҳои соқҳояш шикастанд. Қотили бераҳм ба мурда будани занаш боварӣ ҳосил карда, дар ҷустуҷўйи душмани хунияш шуд.
Аз таъсири ин манзараю ҳодиса Нормурод гўё кайҳо ҷонро ба ҷонофарин супорида буд. Ў чун кўдаки навзод кайҳо либосҳояшро тар карда, карахт шуда буд. Фақат мижа задани ў исботи будани ҷон дар баданашро мефаҳмонд.
Оқибат деви хунхур Нормуродро пайдо кард. Аз ду пояш дошта, аз зери бистари хоб ўро кашолакунон баровард. Ў чун гурги тездандон рўю бинӣ ва гўшу гардани Нормуродро мехоид. Захми дандонҳои Михоэл рўю сару гардани Нормуроди номуродро ба замини шудгори лоёлуду ботлоқзор монанд карда буд. Хуни сурхи ялаққосӣ фарши хонаро фаро гирифта, лар мебаст.
Қотил сари Нормуроди лоси нимҷонро дар болои тахтаи гўштрезакунӣ гузошт ва сонӣ дар ҷустуҷўйи табар шуд. Ў диванро чаппа кард ва табари пинҳонкардаи Нормуродро ёфт. Сари зону нишаста, бо ду даст табарро боло бардошт. Дар рўшноии барқ дами табари тез чун оташак дурахшид.
Нормурод охирин қувваашро ҷамъ карда гуфт: – «Ло илоҳа иллалоҳ...» ва хомўш гашта, интизори дами тези табар буд. Дар як сония чун фиттаи кино он ҳама умри гузаштааш пеши назар меомад. Касе дар ҷустуҷўйи Нормурод нест, касе намеояд. Салими корчаллони ваъдахилоф куҷо шуда бошад?! Ҳамдеҳагонаш, падархонду модараш куҷоянд? Бояд биёянд, бачаи нодону гумроҳи худро наҷот диҳанд. Ин қадар дур аст ватани азиз, ин қадар сахт аст ғарибӣ! Беҳуда намегуфтаанд хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар!

пешина
аз 191
навбатӣ