Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Сукути маргбори утоқро садои нафасҳои сангини ў мешикаст. Ман аз оташи қаҳру ғазаби он марди паҳлавонҷўсса, ки наздик буд садди вуҷудашро бишканад ва маро ба хокистар табдил диҳад, ба ваҳшат афтодам.
«Бакоратро ба чӣ касе додӣ?» – мисли мор фашшос зад ў, ин каламот бо буғз аз лойи дандонҳои ба ҳам фишурдааш берун омад.
«Ба Худо савганд, ба Қуръон савганд, ки то ҳол дасти ҳеҷ марде ба тани ман нарасида буд!»
«Рўят сиёҳ ҷалаб, ту бо ин ҳол боз Худову Қуръонро шоҳид меорӣ?»
Мехостам даҳон боз кунам ва бигўям иштибоҳ мекунад, ман гуноҳ надорам, аммо фурсат надод, бо мушти дигараш хун аз димоғам фаввора зад.
«Дар ивази хуни бакорат тамоми хунро аз баданат берун меорам, ту ҳоло намедони бо кӣ сар ба сар шудаӣ!»
Хостам дод бигўям ва ҳамаро бедор кунам, даҳонамро бо кафаш баст ва маро ба гўшаи девор пахш кард.
Як сония даст аз даҳонам бардошт, пурсидам:
«Чаро бо ман ин корро мекунӣ? Гуноҳам чист?» – сари по бо рў ба рўям нишаст ва бо чашмони боз ба ман хира шуд.
«Гуноҳатро намедонӣ? Қарор буд дар рўпуши сафед хуни бакорати ту бирезад, куҷост он хун? Тагат, ки шикоф буд, чаро бо ман издивоҷ кардӣ? Ё фикр кардӣ ман харам ва наметавонам бокираро аз нодухтар ташхис бидиҳам?»
Бо мушти маҳкамаш аз чашмам шарора парид ва дунё дар назарам торик шуд.
«Чашматро набанд, ба ман нигоҳ кун!»
Ба сахтӣ чашм боз кардам, чеҳраи арғувониашро дидам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё