Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Дастамро рўйи синааш гузоштам, зарабонаш нисбат ба дирўз рўшантар эҳсос мешуд, аммо тардид доштам ва ин аломатҳоро ба хаёлбофиҳои худам нисбат додам. Дар мавриди мушоҳидаҳоям ба дуктурҳо чизе нагуфтам, ба қавли маъруф, нахостам пеш аз пода чанг андозам, аммо то расидани шаб лаҳзашуморӣ мекардам. Он рўз якшанбе буд, дарс надоштам, духтурҳо низ ҷой иваз карданд, Моҳтоб бо парасторе бо номи Парвона ба кори шаб гузашт ва Ганҷалӣ бо Ситора ба кори рўз. Маризони таҳти дармон комилан сиҳат шуданд, дар бемористон ба ҷуз Юсуф дигар маризе набуд. Парвона ҳамсоли Моҳтоб ба назар мерасид, онҳо бо ҳам хеле хуб канор меомаданд, якҷо чой менўшиданд ва соатҳо рафтори падаршўйи Парвонаро қазоват мекарданд, ки баъди панҷоҳ соли зиндагӣ ногаҳон ҳамсарашро талоқ доду ба думболи беваи ҳамсоя рафт.
– Духтур, шумо зани оқилу таҷрибадоре ҳастед, бигўед, охир чаро як пирамард баъди ин ҳама соли шодиву ғамшарикӣ, бо ин ҳама фарзанду набера, ногаҳон ҳамсари пирашро раҳо кунад?
– Аз худаш напурсидед?
– Писари бузургаш ин хабарро шуниду аз Русия омад, башиддат асабонӣ буд, аммо баъди гуфтугў бо падараш нарм шуду аз пайи кораш рафт.
– Модаршўят чанд фарзанд дорад?
– Нуҳ фарзанд, набераҳояш беҳисоб.
– Шояд мўйсафед хаста шуда буд, ба думболи оромиш мегашт?
– Чӣ хастагӣ? Магар бача мезоид ё бача бузург мекард, ки хаста мешуд! Якумр аз дар берун буд, бечора кампир бори ҳамаро бар дўш дошт.
– Зани ҳамсоя чандсола аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ