МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Дурусташ:
Нисбати мастии бадмастон ба ҳушёрон кунанд,
Ҷурм бар комил ниҳанд, ар ноқисе тақсир кард.
Омада:
Чу шеъри мо ба миён ояд, аз китоб ҳама,
Мумаййизон нуқати интихоб бардоранд.
Дурусташ:
Чу шеъри мо ба миён ояд, аз китоби ҳама
Мумаййизони нуқат интихоб бардоранд.
Омада:
Зебад ар Фонӣ дукони мо харидоре надошт,
Ғайри пушти мо матои рўй дасти мо набуд.
Дурусташ:
Зебад ар, Фонӣ, дукони мо харидоре надошт,
Ғайри пушти мо матое рўйи дасти мо набуд.
Омада:
То саҳар дар ваҷд бошад шайхи Ҷом аз бўйи май,
Сўфии мино шабе гар остин боло кунад.
Дурусташ:
То саҳар дар ваҷд бошад шайхи ҷом аз бўйи май,
Сўфии мино шабе гар остин боло кунад.
Меҳру сеҳри шеър
Омада:
Ёди он маҷлис, ки ҳар кас буд он ҷо бехабар,
Нестӣ аз боли анқо гирди ҳастӣ рафта буд.
Дурусташ:
Ёди он маҷлис, ки ҳар кас буд он ҷо бехабар,
Нестӣ аз боли анқо гарди ҳастӣ руфта буд.
Омада:
К-ў дар ин майхона соҳибнашъае, к-аз баъди марг
Гунбаде аз хум бино бар хоки Афлотун кунад.
Дурусташ:
Ку дар ин майхона соҳибнашъае, к-аз баъди марг
Гунбаде аз хум бино бар хоки Афлотун кунад?
Омада:
Даштпаймон паи ризқ муаллақ мекунанд,
Донаҳои регро дар осьёи гирдбод.
Дурусташ:
Даштпаймоӣ пайи ризқи муаллақ мекунанд
Донаҳои рег андар осиёи гирдбод.
Омада:
Гар ошнои беш ба сухан ҳам бувад, ба даст,
Ҳар кас, ки фикри маънии бегона мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё