МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Дурусташ:
Гар ошнои пеши сухан ҳам бувад, бад аст
Ҳар кас, ки фикри маънии бегона мекунад.
Омада:
Рўзи маҳшар бар шаҳидон худнамоиҳо кунад,
Ҳар кӣ аз теғи ту дорад захмкорӣ бештар.
Дурусташ:
Рўзи маҳшар бар шаҳидон худнамоиҳо кунад,
Ҳар ки аз теғи ту дорад захми корӣ бештар.
Омада:
Шавад то чанд сарфе харҷи беҷо гавҳари маънӣ,
Гаҳе дахли ба ҷои ҳам зи ёрон мултамас дорам.
Дурусташ:
Шавад то чанд сарфи харҷи беҷо гавҳари маънӣ,
Гаҳе дахли баҷое ҳам зи ёрон мултамас дорам.
Омада:
Булбулон гўянд дар гулшан ба овози баланд
Роздори бўйи гул чун шона мебояд шудан.
Дурусташ:
Булбулон гўянд дар гулшан ба овози баланд:
Роздори бўйи гул чун шома мебояд шудан!
Меҳру сеҳри шеър
Дар китоб ғалатҳое низ кам нестанд, ки ташхисашон бо роҳи фавқ имконнопазир аст. Барои ба асли онҳо расидан ва гоҳе мазмуну маъниашонро фаҳмидан ба тариқи муқоиса омўхтани нусхаҳои девони шоир ҳатмист. Алҳол чанде аз он ғалатҳоро зикр мекунем:
Нафси ман ғайби сафҳаи нестист,
Сурати мадкашидаро монам.
Чу ғунчае сохта маро карашмаи ту хамўш,
Фиканда сурма маро дар шароби наргиси чашм.
Диҳад ба коми ҳарифон шароби тозае,
Мабод базми май аз себи он зақан холӣ.
Эй аз сухани ишқ дилу гўши ту кар,
Бар моҳию фарқи арш баста назар.
Кўриву кариву неку бад хуфта,
Бо ин ҳама дард хоби ғафлат дар сар!
Базмест шеваи ноб, ки шамъаш моем…
Ҷароҳатҳо ба роҳатҳо бадал шуд,
Кудуратҳо ба сахтиҳо бадал шуд.
Мураттиб пешгуфтори муфассале навишта, хонандаро асосан бо шарҳи ҳолу осори шоир шиносонидааст. Вале дар ин маврид ҳам осори шитобзадагӣ чандон аён аст, ки сархатеро бе ғалатҳои фаровони имлоиву услубӣ намеёбед, ба қавли маъруф, «хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат, иншо ғалат» аст.
Чун далел чанд ҷумла меорем: «Ба фикри мо агар шахси 13-сола ҳарчанд соҳибистеъдод бошад ҳам, барои ў гуфтани қасида хеле мушкил аст». «Шоир як вақти муайян,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё