МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
ки ҳамсўҳбати Дорошукўҳ буд ва ба ў суҳбати илмӣ дошт, онро эътироф намуда, қайд мекунад, ки ба ғайр аз дари Дорошукўҳ, ки барои чизе сари таъзим ба дигар дар хам намекунад». «Аз ин миён мавзўъҳои ишқу ошиқӣ ва маю майгусори дар ғазалиёти Фонӣ ба таври анъана мавқеи зиёдро ишғол намуда, назар ба дигар соҳаҳои зиндагӣ ҳамин масъала бештар ба назар мерасанд. Вале ин чунин маънӣ надорад, ки шоир аз доираи ғазалсароёни худ берун набаромада бошад».
Натиҷаи чунин саҳлангорист, ки дар як саҳифа Фонӣ ҳам шоири асри ХУІІ эълон мешаваду ҳам шоири асри ХІІІ. Оё камоли бепарвоӣ нест, ки дар номи худи муҳаррир ду хато рафтааст?
Ҳамаи ин эроду мулоҳизот ба хотири он баён шуд, ки осори пурбаҳои ниёгони ҳассосу закӣ ҳарчи бехатову хушсифаттар ба дасти ташнагони сухан бирасад.
1987
Меҳру сеҳри шеър
НОРАВОНИҲОИ ШЕЪРИ РАВОН
«Дар ҷабҳаи мубориза умрам тамом шуд». Дар ин суханон заррае муболиға нест. Муаллифи онҳо – шоири бузурги инқилобӣ Абулқосим Лоҳутиро ашъор бо рўзгор ва афкор бо пайкор чандон пайванд буд, ки кам шоиронро воқеъ афтодааст.
Дар ҳақиқат, агар ашъори устод Лоҳутиро, аз хомарониҳои шогирдона то осори дилошўби лирикиву гражданӣ, пайваста ва муттасил биомўзем, зиндагӣ, кору пайкор, нияту омолаш бисёр воқеӣ пеши назар меояд. Яъне, шеъри ин шоири зиндагидида ва зиндагидўст, ки чун зиндагӣ хеле амиқ ва чун зиндагӣ моломоли эҳсоси дардолуду лутфҳои ширин аст, аз зиндагӣ бармеояд ва саропо дархури зиндагист. Монанди як қитъа замини борвар, чун як ниҳоли гулафшон, шабеҳи парчами озодӣ, ё монанди дили пурсўзи дардошное.
Абулқосим Лоҳутӣ – аз «Фарёди миллат» то Гимни Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз нишони Сатторхон то ордени Ленин – роҳи ҷаҳду талоши як марди сарбадор ва шоири дар мақсад ва барномаи худ устуворро пуршарафона тай карда, бо шеъри зулматсўз ва зиндагисозаш ба рўзҳои мо ва рўзгори ҳар яки мо ворид шуд ва ин роҳ беинтиҳо ҷониби оянда ва ояндагон идома хоҳад ёфт.
Ҷашни мубораки садсолагии шоир фурсате буд муносиб, то рўзгору осораш беш аз ҳарвақта мавриди назарҳо бошад ва қисмати мардонаи шоириву инсониаш ба ниёзи имрўзу имрўзиён бори дигар хотирнишону бозгў бишавад.
Дуҷилдаи осори устод, ки ахиран ба дасти ҳаводорони шеъри оташбораш расид, аз тадорукоти мушаххасу шоистаи ин ҷашн аст. Мураттибон Х.Отахонова ва Ҷ.Шарифов кўшидаанд, ки дар ду ҷилд дунёи рангини шоир ва дасти тамоми ўро дар шаклу намудҳои гуногуни шеър – аз ғаза-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё