Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

ли урфӣ то либреттои опера бинамоянду таъкид бикунанд.
«Тарҷумаи ҳол», ки худи устод навишта ва дар оғози ҷилди аввал омадааст, даричаест, ки хонандаро ба дунёи разму назми ў беҳтар аз ҳар раҳбаладу шарҳу тафсир ворид месозад.
Мурод аз ин сатрҳо қаблан изҳори шодмонист аз ҳосили ранҷи онҳое, ки дар таҳияву нашри ин китобҳои хонданӣ ҳиссагузорӣ кардаанд. Ва низ бамаврид хоҳад буд, ки чанд нуктаи баҳсноки матни осори шоирро ба доираи андеша бикашем.
Шеъри «Барои савод» (ҷилди 1; саҳ.216) бо ин байт сар мешавад:

Ба даври шоҳу амирон, ба ғайри баччаи бой,
Ба умри хеш намедид касе лиқои савод.

Ҳамоно ба чашм ҳам мехўраду ба гўш ҳам, ки вазни мисраи дуюм халал ёфтааст. Бешубҳа, он «ба умри хеш намедид кас лиқои савод» будааст ва, аҷаб нест, ки қаробати навишти «кас» ва «касе» ба хати форсӣ сабаби иштибоҳ шуда бошад.
Дар манзумаи «Хар ва трактор» (1; 250) ин сатрҳо омада:

Ғосиби хар зи хейли девонӣ
Бонг барзад ба марди деҳқонӣ.

Ба фикри мо, калимаи «хейл» набояд ба ин шакл биёяд ва сактае, ки бар вазни мисраъ меафтад, ин фикрро тақвият медиҳад. «Хайл» ё «хел» навиштан қобили қабул менамояд.
Эроди дигар оид ба қофияи байт аст. Гумон меравад, ки он артикли номуайянӣ металабад. Яъне – «ғосиби хар, ки аз хайли девоне буд, бонг барзад ба марди деҳқоне». Такяи мо бар он аст, ки «девонӣ» на зикри

пешина
аз 323
навбатӣ