Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Эҳтимол, барои шарҳи сабабҳои тиҷорати байналмилалии ин ё он молҳо танҳо таъминоти гуногуни кишварҳо бо омилҳои истеҳсолот кофӣ нест. Муҳим он аст, ки ин омилҳо дар ин ё он кишвар то чӣ андоза самаранок истифода мешаванд.
Назарияи бартариҳои рақобатӣ Асосан маҳз ба масъалаи истифодаи самараноки омилҳои истеҳсолот назарияи бартариҳои рақобатии профессори амрикоӣ Майкл Портер бахшида шудааст.
Дар китоби худ "Рақобати байналмилалӣ" (1990) ӯ дар асоси таҳлили беш аз 100 соҳа ва зерсоҳаҳо аз 10 кишвар ба хулосае меояд, ки бартариҳои рақобатии байналмилалии ширкатҳои миллии дар ин ё он соҳаҳо амалкунанда аз он вобаста аст, ки фаъолияти онҳо дар кишвари худ дар кадом муҳит сурат мегирад. Муҳити кишвар на танҳо аз рӯи омилҳои истеҳсолот, балки аз рӯи хусусияти талабот дар бозори дохилӣ (он метавонад ба ширкат барои расидан ба камолот пеш аз ворид шудан ба бозори хориҷӣ кӯмак расонад), рушди соҳаҳои марбута ва вобаста, сатҳи менеҷмент ва рақобат дар кишвар, инчунин сиёсати иқтисодии ҳукумат ва ҳатто рӯйдодҳои тасодуфӣ (ҷанг, ихтирооти ғайричашмдошт ва ғ.) муайян карда мешавад. Омезиши ин шаш параметри асосӣ (махсусан чор параметри аввал, ки Портер онҳоро детерминантҳо меномад) бартариҳои рақобатии ширкатҳо, соҳаҳо ва кишварҳоро дар бозори ҷаҳонӣ муайян мекунад.
Дигар назарияҳои тиҷорати байналмилалӣ Назарияҳои тиҷорати байналмилалӣ мавҷуданд, ки бо назарияи бартариҳои нисбӣ алоқаманд нестанд, балки онро пурра мекунанд.

пешина
аз 142
навбатӣ