Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, назарияи таъсири миқёс (назарияи тиҷорати байналмилалӣ дар асоси рақобати монополистӣ)-и иқтисоддони амрикоӣ Пол Кругман мефаҳмонад, ки чаро байни кишварҳое, ки бо омилҳои истеҳсолот баробар таъминанд, тиҷорат вуҷуд дорад. Бо афзоиши миқёси истеҳсолот, ки одатан дар доираи рақобати монополистӣ сурат мегирад, хароҷоти истеҳсоли ҳар як воҳиди маҳсулот коҳиш меёбад. Аз ин ҷо ба чунин кишварҳо тахассус ва табодули ҳатто маҳсулоти якхелаи технологӣ, вале фарқкунанда (ба истилоҳ савдои дохилисоҳавӣ) фоидаовар мегардад. Мисол, тиҷорати мошинҳо байни кишварҳои истеҳсолкунандаи онҳо мебошад.
Ба назарияи Кругман назарияи тиҷорати байналмилалии дохилисоҳавии иқтисоддони англисии зодаи маҷористон Бела Баласса (дар баъзе манбаъҳо – Балашша) наздик аст, ки на танҳо ба таъсири миқёс, балки ба фарқиятҳои завқи истеъмолкунандагони кишварҳои гуногун, наздикии ҷуғрофии минтақаҳои сарҳадии онҳо, номувофиқатии мавсимҳои кишоварзӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Таҳиягарони модели стандартии тиҷорати байналмилалӣ иқтисоддонҳои англис Эҷуорт ва Маршалл, инчунин иқтисоддони амрикоии зодаи Австрия Ҳаберлер назарияҳои Смит, Рикардо, Ҳекшер— Олинро ҳолатҳои алоҳидаи назарияҳои умумӣ мешумориданд, ки барои он ихтисоси пурраи як кишвар ба ин ё он мол ё гурӯҳи молҳо хос нест.
Инҳо назарияҳои асосӣ мебошанд, ки сабабҳои тиҷорати молҳо ва хидматҳоро байни кишварҳо шарҳ медиҳанд. Дар ин ҷо баррасии мухтасари назарияҳое, ки ҳаракати омилҳои истеҳсолиро байни кишварҳо шарҳ медиҳанд, бамаврид мебошанд.

пешина
аз 142
навбатӣ