Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Истифодаи назарияи Ҳекшер-Олин барои шарҳи ҳаракати омилҳои истеҳсолот Дар назарияи Ҳекшер-Олин ҳарду омил-меҳнат ва сармоя-мутаҳаррик мебошанд ва метавонанд байни кишварҳо ҳаракат кунанд. Бо ин роҳ онҳо тиҷорати байналмилалиро пурра ва баъзан иваз мекунанд, масалан, бо ҳаракати байналмилалии сармоя, ки дар заминаи он дар хориҷа истеҳсоли молҳое, ки метавонанд ба он содир карда шаванд, ташкил карда мешавад.
Хулосаи дигари назарияи Ҳекшер-Олин, ки аз ҷониби иқтисоддони амрикоӣ Пол Самуэлсон бароварда шудааст, ин аст, ки ҳаракати омилҳои истеҳсолот байни кишварҳо ба баробаршавии нархҳо, яъне ба баробаршавии таносуби нархҳо барои ин омилҳо дар кишварҳои гуногун оварда мерасонад. Чунин хулосаро аксар вақт назарияи Ҳекшер-Олин-Самуэлсон меноманд.

2.4. Назарияҳои муҳоҷирати байналмилалии қувваи корӣ Муҳоҷирати байналмилалии қувваи корӣ – а) ин кӯчонидани захираҳои инсонӣ аз сарҳади ҳудудҳои муайян бо иваз кардани ҷои истиқомати доимӣ ё баргаштан ба он; б) кӯчонидани аҳолии қобили меҳнат аз як кишвар ба кишвари дигар дар ҷустуҷӯи кор мебошад.
Муҳоҷирати байналмилалии қувваи корӣ ҳамчун раванд ягонагии эмигратсия, иммигратсия, реэмигратсияро ифода мекунад.
Эмигратсия – тарки кишвар барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ, вале дарозмуддат дар кишвари дигар.
Иммигратсия – вуруд ба кишвар барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ аз кишвари дигар.
Реэмигратсия – бозгашти муҳоҷирон ба ватан ба ҷои истиқомати доимӣ.

пешина
аз 142
навбатӣ