Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сабабҳои муҳоҷирати меҳнатии байналмилалиро ба иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ тақсим мекунанд. Ба сабабҳои иқтисодӣ дохил мешаванд:

  • тафовут дар сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои алоҳида ва дар натиҷа сатҳи гуногуни музди меҳнат, зиндагӣ, амнияти иҷтимоӣ;
  • тафовут дар сатҳи таъминоти баъзе кишварҳо бо захираҳои меҳнатӣ;
  • мавҷудияти бекории музмин, нисбатан баланд дар кишварҳои рӯ ба инкишоф.
    Сабабҳои ғайрииқтисодии муҳоҷирати қувваи корӣ: сиёсӣ, низомӣ, динӣ, экологӣ, нажодӣ, оилавӣ, фарҳангӣ ва ғайра мешаванд.
    Намудҳои асосии муҳоҷирати байналмилалии қувваи корӣ инҳоянд:
  • муҳоҷирати байналмилалии сукунатӣ;
  • муҳоҷирати байналмилалии меҳнатӣ.
    Таърихан, муҳоҷирати сукунатии аҳолӣ, яъне муҳоҷирате, ки дар натиҷаи он қисми зиёди аҳолии ИМА, Канада, Австралия ва баъзе кишварҳои дигар ташаккул ёфтанд, бартарӣ дошт. Он кӯчонидани муҳоҷирон аз марзҳои давлатҳо ва иваз кардани ҷои зисти доимиро дар назар дошт.
    Муҳоҷирати байналмилалии меҳнатӣ, дар муқоиса бо муҳоҷирати сукунатӣ, нигоҳ доштани робитаи доимии муҳоҷирро бо ватани худ дар назар дорад.
    Дар амал, ҷудо кардани ин намудҳои муҳоҷират аз ҳамдигар хеле душвор аст. Таърифи истилоҳи "муҳоҷири меҳнатӣ"дар конвенсияҳои созмони байналмилалии меҳнат N97 ва N143 оварда шудааст ва мегӯяд, ки "муҳоҷири меҳнатӣ" шахсест, ки бо мақсади ба кор қабул шудан аз як кишвар ба кишвари дигар муҳоҷират мекунад ё муҳоҷират кардааст. Ин таъриф инчунин ҳар шахсеро дар бар мегирад, ки ба таври қонунӣ ба кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ворид шудааст.
пешина
аз 142
навбатӣ