Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Тафовут дар сатҳи хароҷоти истеҳсоли кишварҳои алоҳида (мавҷудияти ашёи хоми арзонтар, қувваи корӣ дар кишварҳои сармоягир).
  2. Мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ, ки ба воридоти мол халал мерасонанд ва таъминкунандагони хориҷиро ба воридоти сармоя барои ворид шудан ба бозор тела медиҳанд.
  3. Афзоиши содироти мол, ки талабот ба сармояро ба вуҷуд меорад.
  4. Хоҳиши ширкатҳо барои диверсификатсияи ҷуғрофии истеҳсолот.
  5. Имконияти инҳисорнокии бозори маҳаллӣ.
  6. Вазъи устувори сиёсӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар.
  7. Стандартҳои пасти экологӣ дар кишвари қабулкунанда ва ғайра.
    Ба рушди раванди муҳоҷирати байналмилалии сармоя ду гурӯҳи омилҳо таъсир мерасонанд, ки дар байни онҳо омилҳои зерин аҳамияти бештар доранд:
  8. омилҳои хусусияти иқтисодӣ дошта:
  • рушди истеҳсолот ва нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодӣ;
  • тағйироти амиқи сохторӣ ҳам дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам дар иқтисоди кишварҳои алоҳида;
  • такмили ихтисоси байналмилалӣ ва кооператсияи истеҳсолот;
  • афзоиши фаромиллияти иқтисоди ҷаҳонӣ (ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҷониби филиалҳои хориҷии ШФМ-и ИМА аз ҳаҷми содироти мол аз худи ИМА 4 маротиба зиёдтар аст);
  • афзоиши байналмилалгардии истеҳсолот ва рушди равандҳои ҳамгироӣ;
  • рушди фаъоли ҳама шаклҳои робитаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ.
пешина
аз 142
навбатӣ