Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Яке аз қисмҳои таркибӣ ва муҳими фаъолият дар давраи раисии ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ҳамоҳангсозӣ вва пешбурди фаъолияти Созмон дар якҷоягӣ бо Котиботи СКИ маҳсуб меёфт. Ин амр тақозо мекард, ки ҷониби Тоҷикистон ба сифати раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ нисбат ба тамоми иқдомҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми Созмони Конфронси исломӣ ва кишварҳои аъзои он вокуниш зоҳир карда, дар танзим ва татбиқи амалии чорабиниҳои муҳими он фаъолона иштирок намояд.
Ба мақсади дар сатҳи шоиста ба анҷом расондани вазифаҳои ниҳоят масъулиятноки раёсати даврии ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди амалӣ гардондани чорабиниҳои дар чорчӯбаи он ба нақша гирифташуда тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
16 декабри соли 2010 Маҷмааи Умумии СММ қатъномаро таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Конфронси исломӣ», ки Тоҷикистон ба сифати раиси Гурӯҳи Созмони Конфронси исломӣ дар СММ аз номи 57 кишвари узви СКИ пешниҳод карда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Беларус, Босния ва Ҳерсеговина, Филиппин, Таиланд ва Черногория ба рӯйхати бониёни лоиҳаи қатънома ҳамроҳ шуданд. Қабл аз қабул шудани қарор ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаи мазкурро дар иҷлоси Маҷмааи Умумии СММ муаррифӣ намуд. Лоиҳаи қатънома таъкид менамояд, ки СММ ва СКИ ба идома додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва илмӣ саъй менамоянд. СКИ шарики муҳими СММ дар амри нигоҳ доштани сулҳу амният ва ташвиқ намудани фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ шудааст. Қайд гардидааст, ки ҳар ду созмон ба мувофиқа расидаанд, то ҳамкориро дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҳифз ва истиқрори сулҳ, мубориза бо терроризми байналмилалӣ, оштинопазирии динӣ, аз ҷумла, исломситезӣ, ҳимоя ва ташвиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, расонидани ёрии башардӯстона, зарфиятсозӣ дар баргузор намудани интихобот ва такмили абзори фаъолияти баъдӣ идома диҳанд.
Иқдомҳои зикргардидаи Президенти кишвар намунаи қадамҳои муҳиме мебошанд, ки аз лиҳози шиносоии бештари олами ислом бо шароиту фазои фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон муфид буда, барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону кишварҳои мусулмонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё