Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, Роҳбари давлат иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар ин Созмон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ муқаррар намуд. Дар ин замина Тоҷикистон дар таҳкими нақши СКИ дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор монда, саъю талошҳои созандаро, ки ба ҳамкориҳои беш аз пеш густарда миёни кишварҳои аъзо нигаронда шудаанд, дастгирӣ менамояд. Дар робита ба ин, ҷавҳари мавқеи принсипиалии Президенти Тоҷикистонро он воқеият ташкил медиҳад, ки тадбирҳои дар чорчӯбаи ин Созмон андешидашаванда пеш аз ҳама бояд ба ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи мардум дар кишварҳои мусулмоннишин, инчунин ноил гаштан ба рушди босубот ва инкишофи онҳо аз тариқи ба роҳ мондани сатҳи нави робитаҳои мутақобила миёни кишварҳои аъзои он нигаронида шуда бошанд.
Тавре зикр гардид, самти дуюми роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои мусулмоннишин рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, ки онро Роҳбари давлат бо дарназардошти равобити деринаи таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ ба шумори самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ворид намуд.
Аз рӯи таҷрибае, ки дар ин самт Тоҷикистон аз лаҳзаи соҳибистиқлол шуданаш то имрӯз ҳосил кардааст, ҳамкориҳои ҷумҳуриро бо кишварҳои мусулмоннишин, хусусан давлатҳои арабӣ аз лиҳози замонӣ ба ду давра тақсим кардан мумкин аст.
Дар давраи якум (то соли 2007) шинохтани ҳамдигар ба расмият, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, табодули сафарҳои алоҳида, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар иқдомҳо боиси он гардиданд, ки Тоҷикистон худро миёни соири кишварҳои мусулмоннишин муаррифӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои некро роҳандозӣ намояд.
Дар ин давра бо ташаббуси Роҳбари Тоҷикистон чанд мулоқоту сафарҳои сатҳи олӣ баргузор шуданд, ки барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда заминаи устувор гузоштанд. Аз ҷумла, мулоқотҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар Касабланкаи Марокаш дар ҳошияи саммити СКИ (моҳи декабри соли 1994) ва дигар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо роҳбарони давлатҳои исломӣ, сафарҳои расмӣ ба Давлати Кувайт (17-19 апрели соли 1995), Амороти Муттаҳидаи Араб (16-18 декабри соли 1995) дар ин ҷода сатҳи муносибатҳои Тоҷикистонро бо теъдоде аз онҳо ба дараҷаи сифатан нав бароварданд. Вале бо сабабҳои вобаста ба вазъияти Тоҷикистон рушди бештару фарогири ин муносибатҳо расидани вақти муносибро интизор буд.

пешина
аз 228
навбатӣ