Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар давраи дуюм (шурӯъ аз соли 2007) Тоҷикистон дар муносибат бо кишварҳои мусулмоннишин иқдомҳои ҷиддӣ гирифта, ҳамкориҳоро такони назаррас бахшид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2007 ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Сурияи Араб, моҳҳои апрел ва майи ҳамон сол ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар, моҳи марти соли 2008 ба Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир, моҳи ноябри ҳамон сол ба Ҷумҳурии Яман сафарҳои расмӣ анҷом дод. Моҳи августи соли 2007 сафари расмии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки нахустин боздиди роҳбари давлати арабӣ аз ҷумҳурӣ буд. Дар рафти сафарҳои зикршуда доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун – сиёсат, иқтисод, тиҷорат, энергетика, фарҳанг, илм, техника, маориф, сайёҳӣ санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.
Қадами дигари мустаҳкам кардани робитаҳо ва барқарор кардани тамосҳои доимӣ таъсис додани намояндагиҳои дипломатӣ буд. Моҳи октябри соли 2007 Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ба фаъолият шурӯъ кард, ки нахустин намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ дар кишварҳои арабӣ буд. Ҳамон сол дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб консулгарии генералии Тоҷикистон, баъдтар – моҳи сентябри соли 2008 Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ба дунболи ин дар Сурия, Либия, Яман, Кувайт ва Қатар сафирони ғайримуқими Тоҷикистон таъйин гардиданд. Соли 2010 дар Душанбе нахустин намояндагии дипломатӣ аз кишварҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ фаъолияти худро оғоз кард.
Ба хотири ҳамоҳанг сохтани ҳамкориҳо абзорҳои иловагии пайгирӣ намудани мувофиқаҳои ҳосилшуда эҷод мешаванд. Масалан, бо тақвият ёфтани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Миср Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ таъсис ёфт, ки ҷаласаи аввалини он моҳи январи соли 2009 дар Душанбе баргузор шуда буд. Моҳи июни соли 2011 анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир гардид.
Кишварҳои арабӣ ба рушди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бо назардошти муносибатҳои дӯстона дар риштаҳои гуногун ба кишвари мо ёрӣ ҳам мерасонанд. Масалан, соли 2009 бо маблағгузории Салтанати Умон барои дастгирии осебдидагони офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб як шаҳрак сохта ва ба истифода дода шуд, ки дорои манзилҳои истиқоматӣ, беморхона ва масҷиди замонавӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар бобати ривоҷ додани табодули мол ва ҷалби сармояи хориҷӣ аллакай қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ